Панчшанбе, 04.12.2008, 04:40
Приветствую Вас Гость | RSS
Главная | | Регистрация | Вход
Меню сайта
Категории каталога
Дарсҳои акида [3]
Форма входа
Логин:
Пароль:
Поиск
Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 339
Друзья сайта
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Главная » Статьи » АҚИДА » Дарсҳои акида

АҚИДАИ ТАҲОВИ : ДАРСИ САВВУМ
ДАРСИ САВВУМ

13. Ҳамеша пеш аз офариниши мардум ба сифати хеш мутаасиф буда, офариниши онон чизе бар сифаташ наафзуда. Ҳамчуноне, ки бо сифаташ азалӣ ва ҳамеша будааст, ҳамин тавр бар он сифатҳо абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд.
14. Баъди офаридани махлуқот ва ба вуҷуд овардани мардумон номҳои Холиқ (Офаридгор) ва Борӣ (Эҷодкунанда) ро касб накардааст.

Шарҳ: Дар ҳақиқат ҳар сифате аз сифоти Аллоҳ таъоло пеш аз офаридани махлуқот дар азал барояш собит ва пайдо буд ва тамоми сифатҳои мазкур сифоти камол ва танзиҳи Ӯст, ки набудани сифати мазкур дар зоти Ҳақ таъоло нақс ва адами камол маҳсуб мегардад. Маҳол аст, Аллоҳ таъоло баъди нақс ва нопуррагӣ сифоти камол ва муназзаҳро касб карда бошад, ё ин ки баъди офаридани мардум кадом сифате ба сифоташ изофа гардида бошад, балки тамоми сифоти мазкур дар азал қабл аз офариниши ашё барои зоти Ӯ собит ва мавҷуд будааст.

Ҳамчунон ки Худованди бузург бо сифатҳояш азалӣ аст, ки барои он сифот ибтидову оғоз вуҷуд надорад, ҳамин тавр Ҳақ таъоло бар сифоти мазкур ҷовид ва абадӣ мебошад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ несту нобуд намешаванд, балки бо бақову ҳастии мавсуф боқӣ хоҳанд монд.

Аллоҳ таъоло қабл аз офаридани махлуқот дорои номи Холиқ (офаридгор) буд ва ҳеҷ гоҳ тавсифи Ӯ бо ин ном ба офариниши махлуқот мавқуф набудааст.
Ҳамчунин номи Борӣ (эҷодкунанда) ро баъди ба вуҷуд овардани оламиён ба худ касб накарда, балки Ӯ қабл аз ибдоъ ва эҷоди мавҷудот Борӣ буд. Аз ин рӯ номҳо ва сифоти Ӯ чун зоти покаш қадим (бе ибтидову оғ
оз) мебошанд. Дар ин маврид аз Паёмбари Худо (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ривоят аст, ки он ҳазрат (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам) чунин хабар медиҳад:
„Худованди бузург қисмату сарнавишти махлуқоташро панҷоҳ ҳазор сол пеш аз офаридани осмонҳо ва замин муқаддар ва муайян намудааст“.

15. Маънои рубубият (Парвардигорӣ) барояш хос буда ва худ марбуб (офаридашуда ) нест ва инчунин маънои холиқият (офаридгорӣ) барояш хос буда ва худ махлуқ намебошад.
16. Ҳамчунон ки Ӯ қабл аз дубора зинда кардани мурдагон сазовори ин ном (зиндакунанда) гаштааст, ҳамин тавр пеш аз офаридани мардум сазовору мустаҳиқи ин ном (Холиқ) буд.
17. Зеро, ки Ӯ бар ҳама чиз қодиру тавоно буда ва ҳама чиз ба сӯи Ӯ ниёзманд мебошанд ва ҳамаи корҳо бар зоти Ӯ саҳлу осон аст, ки ба чизе мӯҳтоҷу ниёзманд намегардад. „Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавову бино аст“ (Шуро, 11).

Шарҳ: Дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло пеш аз офаридани мардум ба тамоми маънои рубубият Парвардигор мебошад. Ҳамчунин Ӯ қабл аз халқ намудани ашё Холиқу офаридгор мебошад. Пас ин номҳо ва маъонӣ, ки ба Ӯ далолат мекунанд, ҳамеша аз аввал то охир хос ба зоти Борӣ таъоло ҳаст.
Бинобар ин ҳамчунон ки Худованд мурдагонро баъди ҳаёту зиндагониашон дубора зинда мекунад, ҳамин тавр Ӯ онҳоро қабл аз сурати ҳастӣ гирифтан зинда карда, ба эшон ҳаёт бахшида буд ва чунон ки Ҳақ таъоло баъд аз офариниш мурдагонро дубора халқ мекунад, ҳамин тавр Ӯ эшонро қабл аз ин офариниш халқ бинмуда. Зеро Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз қодиру тавоно аст, ҳар гоҳ чизеро хоҳад анҷом медиҳад ва чун нахост пайдо намегардад ва ин иродаи кавнӣ, қадарист, ки чизе аз чорчӯбаи он берун намебарояд ва ҳеҷ гоҳ чизе мухолифи он сурат намегирад.

Тоифаи муътазила мегӯяд: Аллоҳ таъоло бар ҳамон чизе, ки дар доираи кудрату тавонаш ҳаст, қодир мебошад, вале афъолу кирдори бандагон аз доираи қудраташ берун аст, бинобар ин Худованд бар афъолу кирдори бандагонаш қодир намебошад. Ин эътиқоди муътазила салб намудани сифати камол аз Худованд мебошад, зеро ки Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз қодиру тавоност, чуноне ки Ӯ аз худ хабар дода мегӯяд:
„Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз қодир мебошад“ (Бақара, 284).

Ҳамчунин ҳар чизе, ки дар ин ҷаҳон арзи ҳастӣ мекунад, ҳама бо ирода ва хости Ӯст ва бовару тасдиқ намудани ин масъала аз муҳимтарин шурути имон овардан ба рубубияти Аллоҳ таъоло ба ҳисоб меравад.
Ҳар чизе, ки дар ин олам аст, ҳама дар мавҷудият ва бақо ниёзманд ва мӯҳтоҷ ба Аллоҳ таъоло мебошанд ва ҳама корҳо  дар назди қудрат ва нерӯи Худовандӣ саҳлу осон аст. Чи тавре, ки Ҳақ таъоло мефармояд:
„Ҳамоно ин бар Худованд осон аст“ (Ҳадид, 22)

Ва Ӯ ба касе ё ба чизе эҳтиёҷ надорад, балки ҳама чиз дар ҳама вақту замон ва мавзеъу макон ба Аллоҳ таъоло мӯҳтоҷ ва ниёзманд мебошад.
Хулоса: Сифоти зотии Худованд қадиму азалиянд ва сифоти феълияш қадиму-н-навъ мебошанд. Агар чанде баъзе аз сифоти феълӣ қобили ҳудус ва пайдошавӣ бошанд, вале онҳо бо бақову пояндагии зоти Аллоҳ таъоло боқӣ ва ҷовидон мебошанд ва Худованд қабл аз офариниш дорои асмо ва сифоти хеш буд.

Пурсишҳо:
Оё маънои рубубияти Худованд ба вуҷуду ҳастии марбубин (махлуқҳо) ниёз дорад?
Оё қудрати Аллоҳ таъоло дар ҳама чиз таъсир хоҳад кард?
Маънову мафҳуми ин оят (нест чизе шабиҳи Ӯ) чист?
Категория: Дарсҳои акида | Добавил: tojikislom (11.06.2008)
Просмотров: 129 | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email:
WWW:
Код *:
Copyright MyCorp © 2008
Сайт управляется системой UcoZ