
Дар ҷараёни амалиёте дар ноҳияи Ӯши Қирғизистон се нафар, ки гуфта мешавад узви Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ ҳастанд, кушта шудаанд
Дар
ҷараёни амалиёти вижаи кормандони Кумитаи амнияти Қирғизистон дар Ӯш,
ноҳияе ҳаммарз бо Тоҷикистон, “се узви Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ” кушта
шудаанд.
Ин хабарро дафтари иттилоъоти Кумитаи амнияти Қирғизистон рӯзи душанбеи 29 июн пахш кардааст.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ, ин амалиёт дар рустои Қуш-Қурғон дар ҳаволии Узгени ноҳияи Ӯш шаби 27 июн сурат гирифтааст.
Ин
манбаъ гуфтааст, ки се фарди мусаллаҳ, ки бояд боздошт мешуданд, дар
яке аз хонаҳои холӣ дар ин русто паноҳ бурда ва аз онҷо алайҳи
кормандони амниятӣ муқовимати сахти мусаллаҳона нишон додаанд.
Дар
ҷараёни ин даргирӣ ҳар се нафар кушта шудаанд. Тибқи иттилоъи Кумитаи
амнияти Қирғизистон, то ҳол танҳо ҳувияти ду нафар – Ҳасан Сулаймонови
32-сола, шаҳрванди Қирғизистон, ва Ботур Сатвалдиеви 32-сола, шаҳрванди
Ӯзбакистон, мушаххас шудааст.
Хабаргузории
интернетии "Фергана.ру" дар истинод ба Кумитаи амнияти Қирғизистон
хабар додааст, ки Ҳасан Сулаймонов, шаҳрванди Қирғизистон, ки зодаи
ноҳияи Ӯш будааст, дар марокизи омӯзишии Покистон омӯзиш дидааст.
Нафари
севум, ба иттилоъи ин манбаъ, марде аз чиҳил то панҷоҳсола будааст.
Гуфта мешавад пас аз анҷоми ин амалиёт, хонум ва фарзанди Ботур
Сатвалдиев низ боздошт шудаанд.
Гузориш
шудааст, ки хонуми оқои Сатвалдиев дар мусоҳиба бо яке аз родиюҳои
Қирғизистон гуфтааст, ки ба ҳамроҳи шавҳараш аз шаҳри Хонободи
Ӯзбакистон ба Қирғизистон омада ва як моҳ дар шаҳри Ҷалолобод ба сар
бурдааст.
Зимнан, дар Хонобод дар авохири
моҳи майи соли ҷорӣ дар сохтмони вазорати кишвар инфиҷоре рух дода буд,
ки баъдан эълом шуд, “Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ” масъулияташро бар ӯҳда
гирифтааст.
Аз сӯйи дигар, пас аз ин
инфиҷорҳо додситонии Ӯзбакистон эълом карда буд, ки “ин инфиҷорро
афроде мусаллаҳ анҷом додаанд, ки аз қаламрави Қирғизистон вориди
Ӯзбакистон шудаанд."
Тибқи иттилоъи
манобеъи расмии Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир амалиёти ҷустуҷӯйи
ҳамдастони афроди кушташуда, ки мақомот онҳоро “террурист” меноманд,
идома дорад.
Ин дар ҳолест ки гузоришҳои
тоза аз Қирғизистон аз даргирии тозае дар посгоҳи марзии “Майская”
хабар медиҳанд, ки дар асари он як марзбони қирғиз ба зарби тир захмӣ
шуда ва дар роҳи бемористон ҷони худро аз даст додааст.
www.bbc.co.uk