Якшанбе, 14.03.2010, 00:25
Приветствую Вас Гость | RSS
Главная | | Регистрация | Вход
НАВОРҲОИ ОВОЗӢ НАВОРҲОИ ВИДЕО БАРНОМАҲО
Пароль:
RSS ТАМОС БО МО

САФҲАҲО

Хабарҳо

НАВОРҲО

Дар пойгоҳ

Онлайн всего: 2
Меҳмонҳо: 2
Пользователей: 0


Главная » 2009 » Июнь » 30 » "Фармондеҳи пулиси Қандаҳор кушта шуд"

01:41
Нақшаи Афғонистон

Дар натиҷаи як даргирӣ дар ҷануби Афғонистон фармондеҳи пулиси Қандаҳор ҳамроҳ бо ҳадди ақалл шаш маъмури амниятии дигар кушта шудаааст.

Ин даргирӣ миёни пулиси Қандаҳор ва нерӯҳои вижаи амниятии афғон, ки аз сӯйи артиши Омрико омӯзиш дидаанд, сурат гирифтааст.

Хабаргузориҳо гузориш кардаанд, ки даргирӣ замоне оғоз шуд, ки нерӯҳои вижаи амниятӣ талош карданд як зиндониро аз додситонии Қандаҳор берун кунанд.

Як мақоми аршади давлатӣ дар Қандаҳор гуфт, ки фармондеҳи пулис ва омири амнияти Қандаҳор дар миёни кушташудагони ин тирандозӣ ҳастанд.

Вазорати умури дохилаи Афғонистон ин ҳодисаро маҳкум карда ва гуфтааст, ки дар ин маврид таҳқиқ мекунад.

Сухангӯйи вазорати дохила аз омилони ин ҳодиса ба унвони "муҷримин" ёд кард ва гуфт, ки онон мавриди пайгард қарор хоҳанд гирифт.

Дар гузашта низ нерӯҳои амниятии Афғонистон бо ҳам даргир шудаанд, аммо ин нахустин борест, ки чунин даргирӣ мунҷар ба кушта шудани мақомҳои аршади амниятӣ мешавад.

Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон, аз манотиқи ноамн аст, ки дар он Толибон нуфузи қобили таваҷҷуҳе доранд.

www.bbc.co.uk

Просмотров: 68 | Добавил: tojikislom | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавление комментария




 
тут может быть размещён баннер

Навигари дар пойгоҳ

КАЛЕНДАРЬ

«  Июнь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
 

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт

Всего ответов: 618