Масъалаи
вуҷуди Худованди таъоло – чун Холиқи ин кавн ва Парвардигори махлуқот
эҳсосест, ки дар замири инсон густурда гаштааст. Ва чунин эҳсос ба
вуҷуди Офаридагори ин коинот ва Парвардигори он чун ҷавҳари покест, ки
дар қалби одамӣ нуҳуфтааст ва тавассути андешарони дар гирди азамати ин
коинот ва низоми бениҳоят дақиқи мавҷудот ва аҷоибиву офариниши
махлуқот, ин ҷавҳари нуҳуфта ҷило меёбад ва нури хешро изҳор месозад ва
дар партави он шахси оқил дар шинохтани Офаридгори хеш устувор мегардад.