* * *
ФАСЛ
Имон дорем ба фариштагони Аллох таоло, ки дар васфи онхо худованд мефармояд: «Бандагони гиромианд, пешдасти намекунанд бар худо ба хеч сухан ва эшон ба фармони вай кор мекунанд».(Анбиё-26-27). Фариштагон бандагони шарифу гиромианд. Аллох таоло онхоро офарид ва дар ибодат барпо хастанд ва фармони уро сар фароварданд. Чуноне, ки Аллох таоло мефармояд: ( الأنبياء-19-20). «Саркаши намекунанд аз ибодати у ва монда намешаванд. Тасбех мегуянд шаб ва руз, сусти наменамоянд». (Анбиё-19-20). Фариштагон махлукоте аз олами гайб хастанд, ки мо онхоро бо чашм мушохида намекунем. Бархе аз бандагони Аллох таоло бо иродаи у таоло фариштагонро мушохида кардаанд. Мисли паёмбарамон Мухаммад (саллаллоху алайхи ва саллам) хазрати Чибрил (а)-ро мушохида карданд. Вакте, ки сари шарифашонро баланд карданд Чибрил (а)-ро дар осмон диданд, ки шашсад бол доранд ва хар боле уфукро пушидааст. Инчунин хазрати Марям (а) Чибрил (а)-ро мушохида карданд, ки ба наздашон ба сурати одами хозир шуда буданд. Хамчунон рузе сахобагон дар назди паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) нишаста буданд, ки ногахон марде бо либосхои бисёр сафед ва покиза вориди мачлис шуд, ва муйи сараш бисёр сиёх буд ва ба у хеч асаре аз сафар дида намешуд. Ва дар назди паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) нишаст ва ду зонуи худро ба ду зонуи паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) часпонид ва ду дасти худро бар ду рони худ гузошт ва бо хамрохии паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) мухотаба кард. Ва дар охир паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ёронашонро хабар доданд, ки ин мард хазрати Чибрил (а) буданд. Имон дорем, ки Аллох таоло онхоро ба корхои гуногун мукаллаф кардааст, пас аз чумлаи онхо хазрати Чибрил (а), ки вакили вахйи илохи буда аз назди худованд ба касе, ки худои таоло аз бандагони худ уро баргузад, вахйро нозил мекунанд. Аз чумлаи фариштагон хазрати Микоил (а) мебошанд, ки ба борону наботот муваккал хастанд. Ва хазрати Исрофил (а), ки ба кашидани сур ба рузи киёмат фармуда шудаанд. Аз чумлаи онхо фариштаи марг хастанд, ки ба гирифтани арвох дар хангоми марг фармуда шудаанд. Хамчунон фариштагоне хастанд, ки маъмур ба куххо хастанд. Ва фариштагоне хастанд, ки маъмур ба оташ ва азоби ахли дузах мебошанд. Инчунин фариштагоне хастанд, ки маъмуранд ба нутфа дар шиками модар. Ва дигарон муваккаланд ба хифзи инсонхо ва ё ба навиштани аъмоли бандагон. Дар хар як банда ду фаришта маъмурият доранд. Чуноне, ки Аллох таоло иршод мефармояд: «Ба пахлуи рост нишинанда ва ба пахлуи чап нишинанда. Ба забон намеорад одаме хеч суханеро, магар назди у нигахбонест мухайё». (Коф-17-18). Хамчунон фариштагоне хастанд, ки ба савол кардани мурда маъмуранд, яъне вакте, ки банда бимирад, дар кабр ду фаришта ба назди вай омада аз парвардигораш ва дину паёмбараш мепурсанд. Аллох таоло мефарояд: «Ва устувор месозад худо мусалмононро бар сухани дуруст дар зиндагии дунё ва дар охират ва гумрох месозад худо ситамгоронро ва мекунад худо он чи мехохад». (Иброхим-27). Аз чумлаи онхо фариштагоне хастанд, ки муваккал ба ахли бихишт хастанд. Тавре, ки Аллох таоло мефармояд: (الرعد-23-24). «Дохил шаванд бар эшон аз хар дарвоза. Гуянд саломати бод бар шумо ба сабаби сабр кардани шумо, пас нек аст чазои он манзил». (Рад-23-24). Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) фармуданд: «Байтул-маъмуре, ки дар осмон мавчуд аст, хар руз хафтод хазор фариштагон вориди он байт мегарданд ва касе аз онхо аз ин байт (хона) хорич нахоханд шуд». بل عباد مكرمون لا يسبقونه بالقول و هم بأمره يعملون. ( الأنبياء-26-27). لا يستكبرون عن عبادته و لا يستحسرون، يسبّحون الليل و النهار لا يفترون. عن اليمين و عن الشمال قعيد، ما يلفظ من قول إلا لديه رقيب عتيد.(ق-17-18). يثبت الله الذين آمنوا بالقول الثابت في الحياة الدنيا و في الآخرة و يضلّ الله الظالمين، و يفعل الله ما يشاء. (إبراهيم-27). يدخلون عليهم من كل باب سلام عليكم بما صبرتم فنعم عقبى الدار. أن البيت المعمور في السماء يدخله – و في رواية – يصلي فيه كل يوم سبعون ألف ملك ثم لا يعودون إليه آخر ما عليهم.