Dar
masalai ribo yagon info miyofti zur meshid. Masalan, car loan yo
tuition loan mumkinay giriftan? Masalan kharidi moshin bo qarz, 6% APR,
36 month loan farz kardem
ҷавоб
Бисмиллоҳ ва-л-ҳамду лиллоҳ вас-салоту вассалому ъало Расулиллоҳ. Худои таоло мефармояд: Касоне
ки рибо (мегиранд ва) мехӯранд (ва хуни мардумро бо он мемаканд, рӯзи
қиёмат аз гӯрҳояшон аз сахтии тарс) барнамехезанд, магар чунонки он кас
бармехезад, ки ӯро Шайтон ба девонагӣ осеб расонида аст (, ки гоҳ
меуфтад ва гоҳ бармехезад). Ин (девонавор бархостани онҳо рӯзи қиёмат)
бад-он сабаб аст, ки (рибохорон ба ҳукми Аллоҳ эътирозкунон) гуфтанд:
"(Рибохорӣ ҳаром нест,) ҷуз ин нест, ки савдогарӣ монанди рибохорист.
Ва ҳол он ки Аллоҳ (рибҳ ва хариду фурӯши) савдогариро ҳалол намуд ва
рибохориро (аз сабаби зиёнҳояш) ҳаром гардонид. /Рибо зиёдатиест, ки аз
муомала бо нақд ва ё хӯрданӣ дар муддати муайян ва дар муддати муайян
гирифта мешавад. чунончи ба касе сад динор бидиҳад ва бигӯядаш, ки пас
аз моҳе саду бист динор ва ё бештар аз он ба ман бармегардонӣ. Ё ки
касе қарз бигирад ва дар муддаташ онро баргардондан натавонад ва ба
соҳиби мол бигӯяд, ки муддати қарзро зиёд кун то ман молро зиёд кунам./
Пас ҳар киро ба ӯ аз ҷониби Парвардигораш (дар бораи ҳаром будани
судхурӣ ва саранҷоми бад ва иқоби он) панде омад, пас (аз рибохорӣ
тавба кард ва аз таомули судхурӣ) бозмонд, пас ончӣ гузашт (ва ончӣ аз
рибохорӣ чизе пеш аз таҳрими он хӯрда ва гирифта буд) ӯрост. Ва кор (-и
афви)-и ӯ ба сӯи Аллоҳ (вогузор) аст (, агар хоҳад биёмурзадаш ва
агарна азобаш кунад). Пас ҳар кӣ (баъд аз таҳрими рибо ба рибохорӣ)
бозгашт, пас он гурӯҳ бошандагони дӯзаханд. Эшон дар онҷо ҷовидонаанд. (Сураи Бақара; 275) Эй
касоне ки (ба Аллоҳ ва фиристодаи ӯ) имон оварданд аз Аллоҳ (бо
фармонбардорӣ ва дур гаштан аз наҳйҳояш) битарсед (ва хештанро ҳамеша
назорат намоед) ва (талаби) ончиро раҳо кунед, ки аз рибо (дар назди
мардум) бозмонда аст, агар (ба Аллоҳ ва пайғамбару китоби ӯ) мӯъминон
ҳастед (, пас имонатонро бо сухан ва тасдиқи забон ва кирдорҳо таҳқиқ
намоед ва баъд аз донистани таҳрими рибо онро талаб нанамоед). (Гурӯҳе
бар Ислом гаравиданд ва бар мардумони дигар аз моли рибо қарз доштанд
пас Аллоҳи бузургвор боқимондаи риборо аз эшон афв кард ва фармудашон,
ки сармояи худро берибо аз эшон бигиранд.)Пас агар (бозмондаҳои риборо
раҳо) накардед, онгоҳ ба ҷанге аз ҷониби Аллоҳ ва фиристодаи ӯ огоҳ
бошед (ки ба ҷанги Аллоҳ ва фиристодаи ӯ бархостаед). Ва агар тавба
кардед (ва аз рибохорӣ баргаштед), пас шуморо сармояҳои дороии шумост
(, яъне шуморо фақат қарзҳоест, ки ба мардум додаед ва пас) на шумо (бо
гирифтани рибо бар мардумон) ситам кунед ва на (аз ҷониби қарздор бо
кам кардан аз дороии шумо ҳангоми бозгардонидани қарз) бар шумо ситам
карда шавад. Ин оят дар бораи қабилаи Амр писари Умайр аз Сақиф ва
қабилаи Муғийра аз қабилаи Махзум фуруд омада аст, ки дар рӯзгори
ҷоҳилия миёни онҳо рибо буд чун ба Ислом даромаданд қабилаи Сақиф хост,
ки аз қабилаи Муғийра риборо бигирад, вале қабилаи Муғийра посух дод,
ки мо риборо дар Ислом намедиҳем . Иқоб писари Усайд ноиби Макка ба
Пайғамбари Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нома навишт ва ин оят
фуруд омад ва Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро ба сӯи
эшон навишта фиристод. Чун оятро диданд, гуфтанд, ки ба сӯи Аллоҳ тавба
кардем ва ончиро аз рибо боқӣ монда аст фурӯ гузоштем./ (Сураи Бақара; 278-279) Ва Пайғамбари гиромӣ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта аст: "Куллу қарзин ҷарра манфаъатан, фаҳува рибо" (ривояти Бағавӣ), яъне ҳар қарзе ки аз паси худ суде оварад, рибост. Имом Қуртубӣ дар "Тафсир"-аш гуфта аст: Мусулмонон
аз рӯи ривоятҳои Паёмбарашон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар ин
иттифоқ омадаанд, ки барои зиёда баргардонидани қарз шарт гузоштан,
рибост ва агарчи он қабзаи алафе бошад. Саҳобии гиромӣ Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худо аз ӯ хушнуд бод) гуфта аст: Ва агарчи донае (дар болои қарз зиёда) бошад (рибост). Имом Муслим (2995) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят карда аст, ки Фиристодаи
Худо (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хӯрандаи рибо ва диҳандаи он ва
нависандаву ду шоҳидашро лаънат хонда аст ва гуфт, ки онҳо дар гуноҳ
гирифтан яксонанд. Ҳадафи қарз додан осонӣ овардан барои
мусулмон аст, на барои ӯро дар варта афгандану хона бардӯш кардан. Чун
касе барояи чанд муддате қарзат медиҳад, хоҳ барои мошин бошад ё барои
чизи дигар, онгоҳ баъди гузаштани муддат хоҳ як моҳ бошад, хоҳ сиву
шаш, ту он қарзро бармегарадониву дар болои қарз ба ӯ моли зиёдатӣ
медиҳӣ, ин моли зиёдатӣ рибост ва ба иттифоқи тамоми мусулмонон моли
ҳаром аст.
Salomu
alaikum va Rahmatullohi va barakatuh. Man ya Suole doram barodar!!! Mo
Mardumi TJK az Kafoi mazhabi ( Emom Hanifa) namozro mehonem az hamin
Yagon farkiyat nadorai az diga mazhabo Hamzi Mazhabu Az Rui Paigambar
Muhammad salalohu Alaihi vasalam Giriftagiyan ha Barodari Aziz.
Salomu
Alaikum Barodari Aziz ba shumo yak suole doram. Dar TJK dar aini zamon
Tumor Yane misli Kaitarma yo Tashtob yo digar chiz ho misli hamin
chizho hastand o yo ba nazari shumo yane muvofiki Sunatu, Quron chi
hast mehostam ba suoli mo Purra javob gardoned.
ҷавоб
Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ. Ва алайкас-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Ташаккури зиёд барои боварӣ ва кӯшиш дар роҳи донистани ҳақ ва омӯхтани
дини поки Ислом. Худованди таоло моро ва шуморо дар ҳама корҳое ки
барои хушнудии ӯ ҳастанд, муваффақ созад ва аз корҳое ки дар норизогӣ
ва хашми ӯянд, дур гардонаду роҳҳои даромадани биҳишро бароямон осон
намояд!
Ислом барои паймудани роҳи ҳақ роҳи ҳамвору рӯшанро
муайян карда аст, ки ҳар кӣ онро паймояд, аз дарахтони пурсамари
сояафганаш ва аз обҳои гуворои ҷӯйҳояш баҳра мебараду аз хавфу газанд
осуда меёбаду ба хушнудии Худои меҳрубон ноил мешаваду ба сарманзили
умеди худ мерасад, вале дар баробари ин роҳи рост роҳҳои гуногуни кажжи
шайтонӣ вуҷуд доранд, ки шайтон онҳоро дар назари роҳгузарони кӯи
зиндагӣ меорояду онҳоро бо ҳар василае ба сӯи онҳо мехонад, то аз
тариқи наҷот яксӯяшон гардонаду аз роҳи ҳақ гумроҳашон созад. Аз ин рӯ,
мусулмони зираки ҳушманд ҳар кори худро дар мизони Ислом месанҷад, ки
оё он бо меъёрҳои шаръӣ баробар аст ё на? Оё дар Қуръон ва гуфтори
Паёмбар (дуруду паёми Худо бар ӯ бад) далеле барои ин кор омад аст?
Бисёре аз мусулмонон, дар ин замон, василаҳои гуногунро барои дафъи
зиёну ҷалби манфиат ба кор мебаранд, вале онҳоро дар тарозуи шариат
барнамекашанд ва аз ин хотир ба ширку ҳаром ва дигар корҳои нораво
меуфтанд. Ва аз корҳое ки мусулмонон ба он мубтало шудаанд, ин тӯмор
аст.
"Тӯмор" аз рӯи луғат, як намуди хати арабист ва дар
забони тоҷикии адабӣ навиштаи лӯлакардаро гӯянд, аммо имрӯз коғазеро
гӯянд, ки ҷодугарон дар он ҳар гуна оят ё дуо ё тилисмро барои ҷалби
манфиате ва дур кардани зараре менависанд, сипас онро дар матое ё чарме
ғилофбандӣ мекунанду онро дар гардан ё дар бозу ҳамоил мекунад ва ё дар
либос медӯзанд ва ё дар мошину дар хонаҳо мегузоранд. Тӯмор чандин навъ
дорад, қайтарма ва таштоб низ аз навъҳои тӯморанд. Ҳамчунин, Қуръонҳои
кӯчакҳаҷм, порчаҳои оҳанину арзизину мисину нуқрагину заррини оятнигор
(оятнавишта) ва чӯбин, устухон, риштаҳои гиреҳдор, мӯҳра ки бо нияти
ҷалби хайр ва дур кардани офатҳо бар гардан овехта мешавад ба ҳамин
гурӯҳи тӯмор дохил мешаванд. Ва корҳои зерин низ ба ҳамин гурӯҳ дохил
мешаванд:
"Қайтарма" калимаи ӯзбакист, маънояш рад ё дафъ аст ва ғолибан қайтармаро барои радди ҷодугарӣ ё чашмкунӣ истифода мебаранд.
"Таштоб" варақи навиштаест ки онро дар об тар мекунанд, чун ранги варақа бо об олуда мешавад, он оби ранголударо менӯшанд.
Баъзе корҳои ширкӣ, ки мардуми авом анҷом медиҳанд ва дар он ҳукми
тӯмору таъвиз (афсун, дардамидан ба касе бо афсуну дуо) ва овехтани
мӯҳраҳо дар гардан:
1) Вадъа; [3] Ин муҳраи сафедест, ки аз баҳр берун оварда мешавад ва дар гардани кӯдакон ва ғайри онон барои дафъи чашм баста мешавад.
2) Дандони нештар; Он аз чаҳор дандони бузурги пешини даррандагон аст, ки гирифта барои дафъи чашм овехта мешавад.
3) Ҳалқа; Онро барои дафъи чашм ва ё бозудард мепӯшанд.
4) Чашми гург; Чун гург бимирад, чашмашро гирифта бар кӯдакон ва бар монанди онон ба ин боварӣ овезон мекунанд, ки ҷин аз он чашм мегурезад.
5) Ришта;
Онро бештар бар шахси табзада меовезанд ва аз рӯи эътиқоди худ бар он
гиреҳҳо мебанданд ва онро баҳри талаби шифо бар даст ё гардани шахси
табоварда мебанданд.
6) Андоме аз андомҳои уқоб; Монанди устухон ва монанди он. Онро мӯҳра мекунанду бар кӯдакон мебанданд ва даъво мекунанд, ки он чашми бадро рад мекунад.
7) Зеҳи камон;
Дар рӯзгори ҷоҳилият чун зеҳи камон аз камон берун мешуд, онро
мегирифтанд ва барои дафъи чашм бар гардани кӯдакон меовехтандаш.
8) Тамима[4];
Ва он чизест, ки (монанди мӯҳра ва тӯмору таъвиз) барои чашм бар
гардани кӯдакон меовезандаш ва ҳукмаш монанди ҳукми чизҳои овехтании
дигар аст, яксон аст, ки дар он навиштае бошад ва ё на, магар ки он
навишта танҳо аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавӣ бошад, зеро бархе
саҳобагон онро раво донистаанд ва бархе манъаш намудаанд ва аз ин кор
дур шудан ба эҳтиёт наздиктар аст.
б) Афсунхонӣ;
Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфта аст:
Ва агар Худо ба ту
зиёне бирасонад, ҷуз ӯ касе дафъи он натавонад кард ва агар барои ту
хайре бихоҳад, ҳеҷ кас фазли ӯро бознатавонад дошт. Фазли худро ба ҳар
касе аз бандагонаш ки бихоҳад, мерасонад ва ӯ омурзандаву меҳрубон аст!
(Сураи Юнус; 107)
Ва дар охир, ҳар касе ки тӯмор дорад, бояд онро бо шустану равондани
навиштаҷоташ ё бо сӯхтан нест кунад ва ба гуфтани зикрҳои бомдоду
бегоҳӣ пардозаду ба Худо таваккул намояду суду манфиату шифову ризқро
фақат аз ӯ хоҳад ва аз ғайри Худо натарсаду назди ҷодугарон наравад. Ва
ҷодугароне ки тӯмор менависанд, аз ғазаби Худои таоло битарсанд ва аз
табаҳкорӣ дар замин даст кашанду китобҳои ҷодуро бисӯзанду тавба
кунанду ризқи худро дар кори ҳалолу мубоҳ ҷӯянду ва ин кори ҳаромро
раҳо кунанду куфрро пешаи худ қарор надиҳанд.
Хулоса, тӯмор як
чизи беҷон аст ва таъсире надорад ва алоқае ҳам ба шифо ва дур кардани
балову зиёне надорад ва ҳама нафъу зиён ба дасти Аллоҳ аст ва фақат ӯ
қодир аст, ки шахсеро аз бадӣ нигаҳ дораду ба ӯ нафъ расонаду хораш
гардонад ё иззаташ бахшад. Тӯмор аз эътиқодоти рӯзгори ҷоҳилият аст ва
дар он паноҳ талабидан ба сӯи ғайри Худои таоло дида мешавад ва аз
асбоби шаръӣ ҳам нест, ки Худо ба кардани он фармуда бошад ва ба он
боварӣ доштану бо худ гирифтанаш нодонӣ ва гумроҳӣ ва ширк ба Худост,
зеро ғайр аз ӯ манъкунанда ва дафъкунандае нест.
Ва Худои таоло донотар аст. Ва дуруду паёми Худо бар Фиристодаи Худо ва олу ёрони ӯ бод!
ҷавоб : Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ. Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
1. Аввалан,
бӯсидани санги сиёҳ ё худ “Ҳаҷар-ул-асвад” аз нигоҳи шариати поки Ислом
воҷиб нест. Ҳар ки қудрат дошта бошад ба он бирасад, мерасаду бӯсааш
мекунад ва агар аз сабаби издиҳоми мардум ба он расидан натавонад аз
дур ба сӯяш ишора мекунаду "Аллоҳу акбар" мегӯяду боз тавофашро гирди
Каъба давом медиҳад. 2. Ҳеҷ кас аз ин санг мадад талаб
накарда аст ва намекунад ва ҳар ки аз ин санги беҷон чизе талаб кунаду
аз он мадад хоҳад, ба Худои таоло ширк кардаасту гуноҳи бузургтаринро
муртакиб шудааст. Ҳангоми тавоф кардан Умар ибни Хаттоб (Худо аз ӯ
хушнуд бошад) ба санги сиёҳ расиду гуфт: إِنِّي أَعْلَمُ أَنَّكَ
حَجَرٌ لَا تَضُرُّ وَلَا تَنْفَعُ وَلَوْلَا أَنِّي رَأَيْتُ النَّبِيَّ
صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُقَبِّلُكَ مَا قَبَّلْتُكَ Ман
медонам, ки ту санге ҳастӣ, ки на зарар мерасонӣ ва на фоида, агар
Пайғамбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намедидам, ки туро бӯса
мекард, ҳаргиз бӯсаат намекардам. ("Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 1597, 1610 ва ("Саҳиҳ"-и Муслим; 1270)
Ва худ медонӣ, ки мадад талаб кардан, фақат аз Худои таолост на аз
сангу чӯбу мазору ғайра. Ва мо мусалмонон ҳар рӯз дар намозҳои
фаризаамон 17 бор ва дар намозҳои нофилаамон 12 бор, ҷамъулҷам 27 бор
мегӯем: إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ “Ийёка наъбуду ва ийёка настайин”, (Сураи Фотиҳа; 5) яъне фақат туро мепарастему фақат аз ту мадад талаб мекунем, пас чӣ гуна метавонем, ки аз санге ва ё аз чизи беҷоне мадад талаб кунему Худои бузурги соҳибқудрати тавоноро фаромуш созем. 3. Санги
сиёҳ фариштаи Худо ҳам нест ва онро фаришта гуфтан аз хурофот ва
эътиқодҳои ботил аст, ки ҳеҷ асосе ва далеле аз китоби Худо ва суннати
Паиғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) надоранд. Ва ҳар чи ки дар ин
бора ворид шуда бошад ё афсонаҳои дурӯғини мардумони нодони
хурофотпараст аст, ки бар асоси ҳадисҳои бофташудаи исроилӣ бунёд
ёфтаанд, ки ҳама дурӯғ андар дурӯғанд. Ва Худои таоло донотар аст. Ва дуруду паёми Худо бар Фиристодаи Худо ва олу ёрони ӯ бод!
Barodar
yak savol doshtam az chand ashxos pursidam harxela javob giriftm ,
rosti javobash baroi baroi yak barodaram zarur budaast agar ijozatash
boshad haminro mefahmonden. Hangomi ba namoz raftan az atriyoti spirti istifoda kardan joiz ast? Iltimos barodar javobashro intizor meshavam...Xudovand ilmatonro ziyoda gardonad va dar duyovu oxirat dastgiraton boshad.
ҷавоб
Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ. Ва алайкуму-с-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ! Дар хусуси он атрҳое ки дар таркибашон одеколон ё спирт доранд, бо тафсил бояд сухан гуфт:
Бе ҳеҷ шакку шубҳае, нӯшидану хӯрдани ҳар маводи мастиоваре ҳаром аст,
аммо гуфтан наметавон, ки истифодаи хориҷии ин атрҳои спиртдор ҳаром
аст, зеро дар байни донишмандон ин масъалаи хилофист, вале дар ин
масъала эҳтиёт намудан беҳтар аст, зеро Худои таоло фармуда аст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ
وَالأَنصَابُ وَالأَزْلاَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ
فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ Эй касоне ки имон
овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва бо тирҳо гаравбандӣ палидӣ ва кори
шайтон аст, пас аз он парҳез кунед, то бошад, ки наҷот ёбед! (Сураи Моида; 90) Хулосаи қавл ин аст:
1. Агар дар онҳо фоизи спирт кам бошад, монанди ин ки панҷ дар сади
онро ташкил диҳад, ё ки камтар аз инро, дар истеъмоли он ҳеҷ боке нест.
2. Вале чун ин фоиз зиёд бошад, авлотар ин аст, ки ин гуна атру
хушбӯиҳоро истифода набаранд, магар ки барои ҳоҷате, мисли тоза кардани
захмҳо ва ғайра, яъне авлотар ин аст, ки атрҳоеро ки бештари таркибашон
аз спирт аст, бе ҳоҷат ё зарурат истифода набаранд. Ва Худои таоло донотар аст. Ва дуруду паёми Худо бар Фиристодаи Худо ва олу ёрони ӯ бод!
Assalomu
aleykum va rahmatullohi va barakatuhu!!! Barodari aziz avvalan rahmati
kalon baroi maslihatot, ba javobi navishtagiat, dar man yak savole
paydo shud, mumkin savolham naboshad.... Man az kudakiam
(Alhamdulillah) namoz mehondam vale dar zindagii man bisyor chizho
guzasht ya'ne holathoe shud, ki namoz honda natavonistam, mumkin az
zaifii iymon boshad nahondam. Karib yak sol shudestast, ki shukrhoi
ziyod ba Hudo, hondestam man namedonam chand sol namoz nahondam, dar
yodam ham nest, hatto ruzi sar kardanamro namedonam, ba man mufassaltar
javob navised,( Ba rizogii Hudo) qazohoro chitavr honam?? metoned ba
e-mail addresi man navised innbox.ru@inbox.ru
ҷавоб
Бештари фақеҳони Ислом бар инанд, ки ҳар касе баъд аз балоғат,
намозашро муддате тарк карда бошад, бар ӯ воҷиб аст, ки он намозҳои
тарккардаашро бигузорад ва агар адади намозҳои тарккардаашро надонад,
тақрибан аз рӯи пиндораш андоза мекунаду адояшон менамояд. Аммо
бояд донист, ки шахсе ки ба балоғат нарасида аст, адо кардани намозҳои
қазокарда барояш воҷиб нест, зеро дар рӯзгори пеш аз балоғат ба ин
корҳо мукаллаф нест. Гурӯҳе аз фақеҳони исломӣ чунин назар
доранд, ки агар шахсе намозҳояшро бе ҳеҷ узре, монанди хобу беҳушӣ ва
ғайра, қасдан ё аз рӯи инкору танбаливу саҳлангорӣ тарк намояд, адо
кардани онҳо барояш воҷиб нест ва бояд тавба намояду дар оянда ба
накӯкории бештар пардозад. Аммо мусулмоне ки фарз будани намозро инкор
мекунад, кофир ҳисоб мешавад ва намозҳоеро ки дар ин муддат нахонда
аст, аз нав адо намекунад, балки ба зиёд намудани нофилаҳо амр карда
мешавад. Касе ки намозҳояшро як муддате тарк намудаву сипас
онҳоро адо кардааст, аз Худои таоло истиғфори фаровон намояду тавбаву
пӯзиши зиёд кунаду намозҳои нофила бештар бихонад, то бошад, ки Худои
таоло тавбаашро бипазирад ва Худои таоло гуфта аст: وَإِنِّي لَغَفَّارٌ لِمَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحاً ثُمَّ اهْتَدَى
Ва ҳароина, ман барои касе ки тавба мекунад ва имон меоварад ва кори
шоиста мекунад, сипас роҳи ҳидоят пеш мегирад, бисёр бахшояндаам. (Сураи Тавба; 82) Намозҳои тарккардашуда аз се ҳолат дур нестанд: Ҳолати якум.
Тарк кардани намоз ба сабаби узре, монанди хоб ё фаромӯшӣ бошад. Дар ин
ҳолат гузоридани он намоз аз рӯи тартибашон воҷиб аст, зеро Пайғамбари
Худо фармуда аст: مَنْ نَسِيَ صَلَاةً فَلْيُصَلِّ إِذَا ذَكَرَهَا لَا كَفَّارَةَ لَهَا إِلَّا ذَلِكَ وَأَقِمْ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي
Ҳар кӣ намозеро фаромӯш кунад, чун онро ба ёдаш орад, бояд онро
бигзорад. Барои он намоз ҳеҷ каффорате нест, магар ҳамин (, ки он
намозро бигзорад). (Худои таоло мегӯяд:) وَأَقِمْ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي Намозро барои ёди ман барпо дор! (Сураи Тоҳо; 14) ("Саҳиҳ"-и Бухорӣ; 597) Ҳолати дуввум,
монанди ин ки намозеро ба сабаби узре тарк намояд, ки ҳушашро аз даст
дода буд, монанди беҳушии шахсе ки ба садамаи мошин гирифтор мегардаду
чанд муддате ба ҳуш намеояд. Дар ин ҳолат, адо намудани намозҳои пешина
барояш воҷиб намегардад. Ҳолати саввум, ин аст, тарк кардани намоз қасдан рух диҳад. Ин ҳолат низ ба ду қисм тақсим мешавад: Қисми якуми ҳолати саввум,
монанди касе ки фарз будани намозро инкор менамояд. Ин гуна шахс
мусулмон нест ва дар кофир буданаш хилофе байни донишмандони Ислом дида
намешавад. Чунин шахс бояд аз нав ба Ислом дарояду аз рӯи аркони он
амал намояд, вале адои он намозҳое ки дар замони куфраш тарк карда буд,
бар ӯ воҷиб нест. Қисми дуввуми ҳолати саввум, ин тарк
кардани намозҳо аз рӯи танбалӣ ва саҳлангорист. Дар ин ҳолат низ аз нав
гузоридани намозҳои тарккардашуда дуруст нест, зеро ҳангоми тарк
кардани намоз узри шаръие надошт ва ҳол он ки Худои таоло намозро бар
мусулмонон дар вақтҳои маълум ва замони маҳдуду муайян фарз гардонида
аст: إِنَّ الصَّلاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَاباً مَوْقُوتاً Ҳароина, намоз бар мӯъминон дар вақтҳои муайян воҷиб гашта аст. (Сураи Нисо; 103)
Ва Худои таоло донотар аст. Ва дуруду паёми Худо бар Фиристодаи Худо ва олу ёрони ӯ бод!
yak
hadisi rasuli akram(salallohu alayhi salam) ki rosti gap manoyashro
medonam neki matnashro ifoda karda nametavonam ba tojiki.yane manoyi
hadis hamin meboshad.kiinsoni ki murdaast dar qabr xobida hast az
sababe ki yagon kas baroi u giryavu dodu faryod mezanad hamon mardi
murda dar azob duchor hast.hamin hadis oyo saheh meboshad baroi on ki
Hz Aisha (Alloh az u rozi bod) in hadisro qabul namekunad va takiya bar
oyati (An'om 164 hast ba fikram) mekunad.164 Бигӯ: «Оё ҷуз Оллоҳ
Парвардигоре ҷӯям?» Ӯ Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои
кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳӣ дигареро бар душ намекашад.
Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва Ӯ шуморо ба
он чизҳое, ки дар он ихтилоф меварзидед огоҳ мекунад. fikri shumo dar in hasid agar sanadhoyash kati meshud khub
ҷавоб
Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ. Ва алайкас-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!