Академияи улуми ислом: кай ва дар куҷо? - 30 Июня 2009 - Дневник - Ислам в таджикистане - Ислом дар Тоҷикистон
НАВОРҲОИ ОВОЗӢ НАВОРҲОИ ВИДЕО БАРНОМАҲО
Пароль:
RSS ТАМОС БО МО

САФҲАҲО

Хабарҳо

НАВОРҲО

Дар пойгоҳ

Онлайн всего: 4
Меҳмонҳо: 4
Пользователей: 0

Главная » 2009 » Июнь » 30 » Академияи улуми ислом: кай ва дар куҷо?
Академияи улуми ислом: кай ва дар куҷо?
02:06
http://www.55a.net/firas/photo_lang/all_main_photo/605552478268754_dbe61f3ccf.jpg

Олимони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дер боз мақсади таъсис додани аспирантураро доштанд, аммо кам будани шумораи устодони соҳибунвон дар ин донишкада садди роҳи ин иқдом будааст. Мударрисони ин муассисаи мазҳабӣ ҳарчанд аз илми илоҳиёт бархӯрдоранд, аммо устодони соҳибунвони илмҳои дигаранд... Ҳарчанд ба эътирофи умум дар роҳи шариат муҳим нест, ки илоҳиётшинос номзад ё доктори илм бошад, аммо шароити имрӯза ва низоми мактаби олӣ тақозо мекунад, ки устодони дин ҳам рисолаҳои илмии худро дар мавзӯъҳои фиқҳ, ақида, аҳодиси набавию Қуръон ҳимоя кунанд.

Уламои исломи унвон меҷӯянд

                Олимони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дер боз мақсади таъсис додани аспирантураро доштанд, аммо кам будани шумораи устодони соҳибунвон дар ин донишкада садди роҳи ин иқдом будааст. Мударрисони ин муассисаи мазҳабӣ ҳарчанд аз илми илоҳиёт бархурдоранд, аммо устодони соҳибунвони илмҳои дигаранд....

                Ҳарчанд ба эътирофи умум дар роҳи шариат муҳим нест, ки илоҳиётшинос номзад ё доктори илм бошад, аммо шароити имрӯза ва низоми мактаби олӣ тақозо мекунад, ки устодони дин ҳам рисолаҳои илмии худро дар мавзӯъҳои фиқҳ, ақида, аҳодиси набавию Қуръон ҳимоя кунанд.

                Зайниддин НАБОТОВ, мудири кафедраи фалсафа ва илоҳиёти Донишкадаи исломии Тоҷикистон тақозо дорад, ки аввалан шароит муҳайё шавад, то унвонҷӯён дар илми илоҳиёт рисолаҳои илмии худро ҳимоя карда тавонанд. Номбурда мегӯяд, он шахсоне, ки дар роҳи дин соҳибунвон шудан мехоҳанд, маҷбуранд, ки дар донишгохҳои олии мамолики исломӣ рисолаҳои илмиашонро ҳимоя намоянд. Таври мисол барои ҳимояи рисолаи номзадӣ дар яке аз донишгоҳи мамлакатҳои араб чанд маротиба сафари корӣ ва хароҷоти чандин ҳазор доллари ИМА лозим аст. Аммо унвонҷӯёни тоҷик барои ин шароити иктисодӣ надоранд.

                Ғайр аз ин ба онҳое, ки илмҳои илоҳиётро дар хориҷа ҳифз мекунанд, дар ҷомеаи мо шубҳа ҳам доранд. Зеро эҳтимолияти лағжидани баъзеи онҳо аз меъёрҳои фаҳмиши милливу мазҳабии мо зиёд аст. Инро ҷомеаи суннатии мо қабул надорад. Дар донишгоххои олии мо мавзӯъҳоеро ба монанди калому тасаввуф пайгирӣ кардан мумкин аст, вале инҳоро мавзӯъҳои сирф динӣ гуфта наметавонем, -мегӯяд ӯ ва меафзояд, дар дин мавзӯъҳои муҳиме ҳастанд, ки ҳанӯз омӯхта нашудаанд. Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон аспирантура ифтитоҳ гардад.

                Мударриси дигари ҳамин донишкада Маъруф НАЗАРОВ мегӯяд, то он даме ки ин муассисаи мазҳабӣ ғайридавлатӣ буд, донишҷӯёни мо ҳуҷҷати расмӣ надоштанд ва фаъолияти ояндаашон дар Тоҷикистон норӯшан буд. Имрӯз Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо мақоми давлатӣ гирифтанаш имкониятҳои васеъро соҳиб гардид. Ҳоло хатмкунандагони донишкада дар Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо корҳои илмӣ машғуланд. Номзадҳои илм ҳам ҳастанд, аммо дар илмҳои дигар рисола ҳимоя намудаанд, на дар илми ислом. Ба ин мо зид нестем. Мо метавонем, бо ёрии ҳаминҳо ҳам аспирантура кушоем. Аммо мушкилоти дигаре дорем, ки ҳалли онҳо муҳимтар аст, Барои панҷ факултаи донишкада ҷой ва бинои танг дорем, барои донишҷӯёнамон хобгоҳ надорем. Бо вуҷуди ин мо дар фикри ифтитоҳи аспирантура ҳастем.

                «Нигоҳ» дар як гуфтугӯи сарироҳӣ аз вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор РАҲМОНОВ пурсид, ки оёӯ аз кушодани аспирантура дар Донишкадаи исломӣ дастгирӣ мекунад? Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, барои кушодани кафедрахои нав ва аспирантура дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳатман мусоидат хоҳад кард, аммо ҳамаи мушкилоти ин донишкадаи навтаъсисро дар як рӯз ҳал кардан номумкин аст.

 

Зарурати исломшиносии илмӣ

                Вале аҳли уламо ва донишмандони диншинос фақат бо ният қонеъ намешаванд. Онҳо мехоҳанд барномаи таълимии исломшиносии илмӣ- на танҳо дар муассисаҳои мазҳабӣ, балки дар дигар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ хам ба роҳ монда шавад.

                Ба ақидаи диншиносон, кушодани кафедраҳои диншиносӣ дар системаи маорифи Точикистон зарур аст. Аммо гурӯҳе аз файласуфон диншиносиро илм не, балки як шохаи илми фалсафа дониста, намехоҳанд онро аз фалсафа ҷудо шиносанд. Ба қавли эшон, ҳама гуна мавзӯъҳои мазҳабиро дар кафедраи фалсафа пайгирӣ намудан мумкин аст. Вале диншиносон дар навбати худ мавҷудияти ин илмро бо тақсимбандии шохаҳои таърихи дин, фалсафаи дин, равоншиносии дин, ҷомеашиносии дин ва падидашиносии дин собит кардаанд ва щинохти ин илмро дар шароити кунунии Тоҷикистон зарур медонанд. Муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Точикистон Шерзод АБДУЛЛОЕВ мегӯяд, мо дар шинохти дин кайҳо дер кардаем. То ҳол дар ягон донишгоҳи мо чунин кафедраҳо вуҷуд надорад ва барои омӯзонидани Ислом ва дигар динҳо дар мактабҳои оливу миёнаи мо мутахассис намерасад. Диншиносӣ илми шохадор аст ва ин илмро ҳар кас таълим дода наметавонад. Агар кафедраҳои диншиносӣ кушода, диншиносонро таълим диҳем, он гоҳ метавонем насли ояндаро дар роҳи шинохти дин дуруст тарбия кунем, Ин метавонад хисси таассуб ва фузунхоҳиро аз байн бубарад. Кишвархои ғарбӣ аз охири асри XVIII ва ибтидои асри Х1Х сар карда дар тамоми донишгоҳҳои худ кафедраҳои диншиносӣ доштанд. Таърих дин ва ахлоқи динро меомӯхтанд. Нашрияҳои динӣ нашр мекарданд ва вобаста ба адён чопи маводи таълимӣ ба роҳ монда шуда буд. Авруло медонист, ки дин рукни муҳими фарҳанг ва шакли омавии шуури мардум аст. Барои он ки ҷаҳонбинии динии мардум дар сатҳи олй бошад, бояд дин аз нуқтаи назари илмӣ омӯзонида шавад на аз нуқтаи назари ақидавӣ. Дине, ки дар пояи илм омӯзонида намешавад, пайравонашро ба ҷаҳолат мебарад. Карл Маркс динро «афюни халқ» гуфта буд ва бубинед, ки то ҳол баъзеҳо ба ин ақида мӯътақиданд. Аз ин рӯ кушодашавии кафедраҳои диншиносӣ дар донишгоҳҳо метавонад, фаҳмиши нодурусти диниро аз афкори насли ҷавон бизудояд.

                Баъзе коршиносон таъсиси кафедраҳои улуми ислом, улуми Қуръон, улуми аҳодиси набавиро ҳам муҳим мешуморанд. -Шӯъбаи фиқҳ ва аҳодиси набавӣ ҳам бояд бошад, мегӯяд исломшинос Зайниддин НАБОТОВ. Ба ақидаи номбурда, азбаски қисми аъзами мардуми Тоҷикистон мусалмонанд, омӯзиши исломшиносии илмӣ аз диншиносӣ муҳимтар аст. Ҳатто Ислом дар баробари дини бузург буданаш худ илми диншиносӣ будааст ва метавонистааст толибилмро бо ақоиди динҳои дигар ошно кунад.

                Дар давраи шӯравӣ кафедраи диншиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳозира ДМТ) ва якчанд донишгоҳи дигар буд, ки онро кафедраи диншиносии атеистӣ мегуфтанд. Ҳатто комунистон медонистанд, ки бояд дар бораи дин ба мардум маълумот дод, ҳарчанд барнома таълимиашон хилофи ақоиди динӣ таҳия гардида ба роқ монда мешуд. Дар мактабҳои миёна ҳам атеизми илми, аниқтараш дарси бехудоӣ таълим дода мешуд. Динро мутобиқ ба идеологияи нодурусти ҳукумати он замон аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медоданд. Баъди барҳамхӯрии СССР ин кафедраро бастанд. Шерзод Абдуллоев мегӯяд, мутахассисони ҳамон давра ба ҳар ҳол диншинос буданд. Мо ҳам мутахассиси соҳаи диншиносии маркисистӣ будем. Намедонам имрӯз чӣ монеъае ҳаст, ки чунин кафедраҳо кушода намешаванд. Онҳое, ки диншиносиро ҳамчун илм намешиносанд иштибоҳ мекунанд. Аввалан диншиносӣ объект ва мавзӯъи баҳси худро дорад. Дуруст аст, ки то давраи Гегел қисмати фалсафаи дин буд ва қисмати таърихи дин дар илми таърих омӯхта мешуд, аммо ҷахонбинии муосир дигар аст ва мо бояд бо ин мувофиқ бошем. Бояд ҳарчи зудтар кафедраҳои диншиносй таъсис дода шаванд. Аққалан шӯъбаҳои диншиносй ва исломшиносӣ дар таркиби кафедраҳоии фалсафа кушода шаванд.

                Воизи шинохтаи Тоҷикистон Ҳоҷй МИРЗО мегӯяд, барои кушодани кафедраҳои улуми Ислом ва диншиносӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон олимони боқуват дорем. Имконият ҳам ҳаст, аммо дар ин бора ҳеҷ кас то имрӯз фикр накардааст ва ин барои мардуми мо гапи нав аст. Аз Ҳоҷӣ Мирзо мепурсем, ки агар дар Тоҷикистон Академияи улуми Ислом кушода шавад, барои гирифтани унвонҳои номзади илм, доктор, профессор ва академик кӯшиш мекунад?

                Ӯ мегӯяд: -Ба ин шояд қувваю қудрати ман нарасад. Аммо алҳол рисолати ман даъвати мардум ба омӯзиш ва дарки Ислом аст ва шавқманди гирифтани унвони баланд нестам. Агар мардумро ба рохи рост ҳидоят карда тавониста бошам, ҳам дар ин дунё ҳам дар охират барои ман бас аст. Дар роҳи Ислом унвон муҳим нест.

                Аммо ҳангоми мусоҳибаҳо коршиносон боз ҳам таъсиси аспирантураро дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар мавриди аввал мегузоштанд. Зеро ба мушоҳида мерасад, ки қисми аъзами донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон чун аксар донишҷуёни дигар мактабхои олӣ тасодуфӣ не, балки бо хоҳиши худ ин самтро интихоб кардаанд ва сафи донишҷӯёни босавод дар ин муассисаи мазҳабй меафзояд.


Имконият дода дар бало намонем!

                Аммо баъзе соҳибназарон бар он андешаанд, ки имкониятҳои васеъ додан ба рӯҳониён ва донишмандони дин ҷойи нигаронӣ ҳам дорад. Шоир Зиё АБДУЛЛО мегӯяд: -Кушодани Академия ва кафедраҳои мазҳабӣ ба ҳеҷ ваҷҳ зарурат надорад, зеро то ҳол Академияи илмхои табииро накушодаем. Дар ин замони бӯҳронӣ маблағи давлатро бо кушодани Академия ва кафедраҳои мазҳабӣ сарфи беҳуда кардан лозим нест. Бо ин кор мо ба як оламе ворид мешавем, ки аз илм поёнтар аст. Илмҳои табииро кашф кардан ба манфиати худи рӯҳониён аст.

                Мамолики пешрафта ба илмҳои табиӣ такя ва тараққӣ карда истодаанд. Мутмаинам, ки бо кушодани Академияи улуми Ислом ё кафедраҳои мазҳабӣ минбари сафсата бунёд мекунем. Дар ҳоле ки ҳар кадоми мо худ сафсатахонем.

                Бояд гуфт, ки андешаҳои коршинос Зиё Абдулло танҳо хоси ӯ набуда дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷонибдорон ва мухолифони худро дорад.


Нақши хосаи Маркази исломшиносӣ

Қорӣ Наимҷони ХУҶАНДӢ мегуяд, дар замоне ки гароиши ҷавонон ба созмонҳои сиёсӣ ва экстремистӣ зиёд аст, воқеияти динро ба мардум омӯзонидан чӣ хатар дорад? Ба ғайр аз кушодани кафедраҳои диншиносӣ кушодани кафедраҳои мазҳабшиносӣ ҳам муҳим аст, то бадхоҳон андешаи ҷавонони моро бо таблиғи мазҳабҳои дигар заҳролуд карда бо ин Исломро бадном ва ҷомеаро ноором насозанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир Маркази исломшиносиро дар таркиби дастгоҳи Ҳукумат таъсис дод, ки ҳамин гуна ниёзҳои олимони Ислом ва мардуми мусалмони Тоҷикистонро ба Ҳукумати Тоҷикистон маълум кунанд. Аммо ин марказ алҳол нақши назаррас надорад.

                Бар хилофи ақидаи Қорй Наимҷони Хуҷандӣ корманди ин марказ Шерзод Абдуллоев мегӯяд, Марқази исломшиносии Тоҷикистон 4-марти соли равон бо фармони 630-и Президенти Тоҷикистсж Эмомалӣ Раҳмон кушода шуда ҳанӯз фаъолияти худро густурда ба роҳ намондааст, балки дар марҳилаи ташаккулёбист. Ба қавли номбурда ҳадафи асосии ин марказ паҳлӯҳои гуногуни дини Исломро аз нуқтаи назари исломшиносии илмй ва ниёзҳои имрӯзаи ҷомеа омухтан аст. Зимни муаяйн кардани самтҳои асосии фаъолияти Маркази исломшиносй ниёзҳои рӯҳониёни унвонҷӯ ҳам мавриди таваҷҷӯҳи коршиносони он будааст. Аммо ба ақидаи баъзе донишмандон ҷомеаи консерватиеро мисли ҷомеаи мо ба исломшиносии илмӣ мӯътакид сохтан кори саҳлу сода нест.

Муаллиф: «Нигоҳ» №13 18.06.09. Соҳибёр ОЛИМПУР

Категория: ҶОМЕА | Просмотров: 72 | Добавил: tojikislom | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавление комментария




 

Навигари дар пойгоҳ

КАЛЕНДАРЬ

«  Июнь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
 

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?

Всего ответов: 78