ПОЁНИ ҶУДОИИ ДИН АЗ ДАВЛАТ - 23 Июня 2009 - Дневник - Ислам в таджикистане - Ислом дар Тоҷикистон
НАВОРҲОИ ОВОЗӢ НАВОРҲОИ ВИДЕО БАРНОМАҲО
Пароль:
RSS ТАМОС БО МО

САФҲАҲО

Хабарҳо

НАВОРҲО

Дар пойгоҳ

Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0

Главная » 2009 » Июнь » 23 » ПОЁНИ ҶУДОИИ ДИН АЗ ДАВЛАТ
ПОЁНИ ҶУДОИИ ДИН АЗ ДАВЛАТ
12:24
ПОЁНИ ҶУДОИИ ДИН АЗ ДАВЛАТ

Оё дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дин аз давлат ҷудост? Оё ин асл ба таъриху фарҳанг, арзишҳои милливу динӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеаи мо созгор аст? Таъсири пайравии тӯлонии мо аз "ҷудоии дин аз давлат" дар раванди эҳёи миллӣ ва давлатсозии муосири мо чӣ гуна будааст? Оё таъсири ин асл ба зудӣ аз зеҳнҳои мо меравад? Дар навиштаи зерин талош шудааст, ки ба ин саволҳо посух ҷуста шавад. Қонуни навини Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ки моҳи гузашта қабул шуд, шояд беш аз ҳар қонуни дигар мавриди нақду эътирозҳо қарор гирифт.

Дар ҳақиқат, агар ба ин қонун аз назари Сарқонуни кишвар, бофти арзишию фарҳангии ҷомеа ва манфиатҳои давлативу миллии Тоҷикистон нигарем, аксари нақду эродҳое, ки дар матбуот ба нашр расиданд, ҷой доштанд. Хусусан, бо таваҷҷӯҳ ба фазои муносибе, ки дар соли охир дар муҳити муносибати дину давлат пеш омада буд, қабули ин қонун боиси ҳайрати на танҳо диндорон, балки аксари коршиносону таҳлилгарони ватаниву хориҷӣ низ гашт. Ва агар баҳси арзиши ҳуқуқию сиёсии ин қонунро яксӯ гузорем, ба таври бисёр хулоса метавон гуфт, ки қабули он фазои неку ваҳдатбахшеро, ки баъди иқдоми неки Президенти кишвар мӯҳтарам Э. Раҳмон дар бораи эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) пеш омада буд, то ҷое хадшадор намуд. Шояд беҳтар мебуд, агар мегузоштем, то ба хотири ҳифзи ин муҳити неки пешомада ва ба самари комил расидани ин иқдоми наҷиб, Соли бузургдошти он бузургвор бо ҳамин рӯҳияи баланди ваҳдат сипарӣ шавад.

Вале бо вуҷуди ин, ба назари банда, қабули қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" дар таърихи давлатдории мо аҳаммияти муҳимми рамзӣ дорад. Ин қонун ба ҳокимияти расмии як асли пурмоҷарои қонунгузории мо, яъне асли "дин аз давлат ҷудо мебошад" расман поён дод.

Гарчӣ мафҳуми "ҷудоии дин аз давлат" солҳо пеш аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазф шуда буд, вале то 2-юми апрели соли 2009 он дар матни Қонуни ҶТ "Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ" шояд "барои эҳтиёт" ҳифз мегашт ва дар лаҳзаҳои зарурӣ гоҳ-гоҳ садо низ медод. Аз матни расмии қонунгузорӣ ба куллӣ берун шудани ин асл аз назари амалӣ бисёр муҳим буд, зеро яке аз хусусиятҳои фарҳанги сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи имрӯзи мо дар он аст, ки гоҳо як банди қонуни оддӣ ё бештар аз ин, як фармони вазир ё амри ректор ё иродаи директори як мактаб ё корхона ҳукми Конститутсияро амалан бозмедорад. Ва мутаассифона, чунин баҳсу мисолҳоро ҳамарӯза дар матбуот мехонем…

Бо вуҷуди ин, ки қонуни нав омезиши дину давлатро эълон накардааст, вале аввалан, дар масъалаи муносибати дину давлат матни он ба меъёри конститутсионии ҷудоии "ташкилотҳои динӣ аз давлат" мутобиқ карда шуда, сониян, банд-банди ин қонун нишонгари он аст, ки давлат шиори "ҷудоии дин аз давлат"-ро барои ҳамеша раҳо карда, дар фазои динӣ барои худ ҳамаи марзҳоро бардоштааст.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки гарчӣ ин шиор на ба дини мо, на ба таърихи мо, на ба фарҳанги мо, на ба манофеи миллии мо, на ба воқеиятҳои ҷомеаи мо ҳеҷ нисбате надошт ва солҳо пеш аз Сарқонуни ҶТ низ ҳазф шуда буд, вале зери як пиндору боварии гипнозгунае дар ҳар маҷлису маҳфил суханро аз он оғоз мекардем, ки "тавре ки медонед, дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост…" Ва бо такрори нохудогоҳи ин шиор худ бо дасти худ ба раванди рушду ваҳдати миллӣ зарбаҳои амиқ ворид менамудем. Аз ин рӯ, ҳамчун шаҳрванди ин кишвар аз ин ки имрӯз билохира дар бораи асли тафриқбори ҷудоии дин аз давлат феъли замони гузаштаро истифода менамоям, ҳисси хушиву қаноат дошта, гузашти ин марҳилаи тафриқаро барои ҳамаи касоне, ки ба суботу ваҳдати ин ҷомеа меандешанд, табрик мегӯям.

Вале ба хотири он, ки натиҷаю оқибатҳои давраи пойбандии мо ба шиори "ҷудоии дин аз давлат" рӯшантар гардад ва сабаби ин қаноату табрики муаллиф аз бардошта шудани ин асл аз қонунгузории кишвар маълумтар бошад, дар ин ҷо ба чанд пайомади ин шиор дар раванди давлатсозӣ ва ҷомеадории муосири тоҷикон ишора мешавад:

1. Шиори ҷудоии дин аз давлат моро дар муқобили тамоми воқеияти он фарҳанги бузурги маънавӣ ва сиёсии гузаштаамон қарор дода, имкони бо решаҳои таърихии худ пайванди воқеӣ ёфтани раванди эҳёи миллӣ ва давлатсозии муосири тоҷиконро бисёр заиф ва ҳатто номумкин сохта буд.

Барои риояти ин шиор мо маҷбур гаштем, ки тамоми таърихи давлатдорӣ, чеҳраҳои тобони таърихию сиёсӣ, осори фарҳангӣ ва арзишҳои миллии худро бо дасти худ таҳриф намоем. Масалан, вақте мо сарчашмаҳои таърихиро дар бораи давлати Сомониён мехондем, пеш аз ҳама дармеёфтем, ки низоми сиёсии он аз пайванди амиқу органикии дину давлат бунёд ёфта, худи унвони амир, ки бар садри низоми сомонӣ менишинад, як унвони сиёсии динии исломӣ мебошад. Ва хусусан, вақте ба шахсияти Исмоили Сомонӣ рӯ ба рӯ мешавем, мебинем, ки ӯ ҳамчун чеҳраи давлатӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ пеш аз ҳама бо сифати муборизи исломӣ ва бо унвони динии ғозии ислом шинохта мешавад ва дар корҳои муҳиммаш пеш аз ҳама бо уламои дин машварат меорояд. Вале чун мо шиори ҷудоии дин аз давлатро пазируфта будем, маҷбур будем, ки ин паҳлӯҳои Исмоилу Сомониёнро пинҳон дошта, ба мардуми худ чеҳраи таҳрифшудаи ӯро пешниҳод созем. Ё агар дар бораи иртиботи дину давлат дар давлатдории ниёгонамон сӯҳбате бикунем, ҳатман ба ин нуктаи корномаи онҳо баҳои манфӣ медодем.

Чунин "зарурати" таҳриф ҳангоми муаррифии бузургони илму фарҳангу адабамон низ пеш омада буд. Мо сари ҳар сӯҳбат дар мавзӯи ватандӯстиву қаҳрамонӣ ва донишу хирад аз Фирдавсӣ сухан мегуфтем, вале чун сухан аз дидгоҳи ӯ дар бораи пайванди ҷавҳарии дину давлат ва нобуд гаштани онҳо бе ҳамдигар пеш меомад ва ба ин шоҳбайт мерасидем, ки "Чунон дину давлат ба ҳам андаранд, ту гӯӣ ду дурре зи як гавҳаранд…", дар ин маврид ё хомӯш мемондем ва ё ин нуктаи андешаи ӯро интиқод мекардем. Яъне, ба хотири риояти асли "ҷудоӣ" Фирдавсиро низ барои мардуми худ таҳриф мекардем...

Ё вақте таълимоти андешамандони бузурги фарҳанги худ Имом Ғаззолӣ, Низомулмулк, Саид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш ва дигаронро дар боби сиёсат ва давлатдорӣ меомӯхтем, дар тамоми ин осор пеш аз ҳама ба масъалаи пайванди ҷавҳарии дину давлат ва зарурати таовуну ҳамкории онҳо рӯбарӯ мешудем, вале ба хотири риояти асли ҷудоии дину давлат наметавонистем ин осорро чуноне, ки ҳаст, ба фарзандони худ таълим бидиҳем. Ва ногузир бо таълими "ақидаҳои панду ахлоқӣ"-и онҳо кифоят мекардем.

Ва ҳамин тавр, тамоми таъриху шахсиятҳову арзишҳои гузаштаи мо фақат ба хотири риояти ин шиори бегона, ки дин аз давлат ҷудост, бо дасти худи мо таҳриф карда шуданд. Хулоса, гӯё ниёгон ё бузургонамон дар ҳамаи масъалаҳо аз мо огоҳтару аз мо хирадмандтар будаанд, вале дар масъалаи дину давлат мо аз ҳамаи онҳо огоҳтару бузургтар будем ва ҳар гоҳе ин нукта пеш меомад, онҳоро ислоҳ мекардем. Ҳамин тавр, ин пиндор ва ин шиор имкон надод, ки мо дар тӯли даҳсолаҳо ба гузаштаи худ чуноне, ки буд, бингарем ва таъриху фарҳанги гузаштаи худро чуноне, ки буд бишносем. Зеро мо бисёр мехостем гузаштаи "дунявӣ" дошта бошем, ки дар он низ дину давлат аз ҳам ҷудо бошанд ва аз ин рӯ чунин гузаштаро ба таври сунъӣ месохтем...

Ҳамин тавр, ин шиор ҳамчун табари тезе миёни имрӯзу дирӯзи мо ва миёни шохаву решаи мо қарор гирифта буд.

2. Шиори ҷудоии дин аз давлат имконоти давлати миллии моро бисёр заиф сохта, иҷозат намедод, ки давлат аз тавону потенсиал бузурги дин истифодаи саҳеҳ намояд. Фақат ба хотири риояти ин асл давлат худро ба соҳиби ганҷе табдил карда буд, ки худаш барои худаш истифода аз он ганҷро мамнӯъ намуда бошад. Дар ҳоле, ки дар ҳалли бисёре аз масъалаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодии ин кишвар дин метавонист ҳамчун яке аз шарикони давлат вазифаи муҳиммеро ба дӯш гирад, вале "ҷудоӣ" имкони ин ҳамкориро намедод. Дар натиҷа, то имрӯз мо дар ин самтҳо фурсату имконоти бисёр зиёдеро бохтем, ки аксари он ҷуброннопазир аст.

Ба таври мисол, дар пеши чашми мо беҳтарин суннатҳои маънавию рафтории ҷомеаи мо фурӯ рехта, ахлоқи насли наврас ба пойинтарин зинаҳо расид, вале фақат барои риоят асли ҷудоии дин аз давлат солҳо розӣ нашудем, ки дар мактабҳои кишвар дарси ахлоқу маърифати исломӣ таълим дода шавад. Ё дар ҳоле, ки ҳазорон фарзандони мо аз ҷойҳои дигар таълимоти динӣ гирифта, ба чандин ҳизбҳои динии ғайриқонунӣ ва равияҳои динии ғайрисуннатӣ гароиш ёфта, як низои нави мазҳабию сиёсиро замина мегузоранд, боз ҳам мо ба хотири риояти асли "ҷудоӣ" омода нестем, ки барои наҷоти фарзандонамон ва ниҳоят, барои наҷоти ҷомеаамон таълими дурусти маърифати диниро худамон дар мактабҳо ба роҳ гузорем.

Ва имрӯз ҳатто дар ҳоле, ки Президенти кишвар бо дарки ин зарурат барои таҳияи барномаи таълимии фанни маърифати исломӣ дар мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додааст ва вазорати маориф ба иҷрои ин супориш оғоз кардааст, боз ҳам баъзе аз "соҳибназарон"-и ин масъала изҳори ташвиш мекунанд, ки пас "асли ҷудоии дин аз давлат" ва "моҳияти дунявии маориф" чӣ мешавад?

Хулоса, эълони ҷудоии мутлақи дин аз давлат давлатро ба шахсе мушобеҳ сохта буд, ки худ эълон намояд, ки дасти ростам аз дасти чапам ҷудост ва ҳар даст бояд ҷудогона кори худро бикунад. Дар натиҷа он корҳое, ки бояд дудаста анҷом мешуданд, анҷом нашуданд ва он вазнаҳое, ки бояд дудаста бардошта мешуданд, рӯи замин монданд.

Таъсири манфии арзишӣ ва равонии асли ҷудоии дин аз давлат низ барои ҷомеаи мо сангин буд. Чун барандаи арзишҳои динӣ мардум буда, дин амалан ҳамчун фарҳанги зиндаи мардумӣ зиндагии ҳамарӯзаи онро танзим мекунад, шиори ҷудоии дин аз давлат ва таъкиди ҳамешагӣ ба риояти он навъе девори арзишӣ ва садди равонӣ байни давлат ва мардуми пайрави динро ба вуҷуд оварда буд. Ё ба ибораи сареҳтар, ҷудоии дин аз давлат гоҳо тобиши ҷудоии давлат аз шаҳрвандони худ, аз мардуми худро мегирифт. Ин буд, ки ин асл барои таъмини пайванду ваҳдати амудии ҷоме¬аи мо ва барои мардуме, ки аз арзишҳои динӣ пайравӣ мекунанд, то охир худӣ шудани давлат монеаи ҷиддии равонӣ (психологӣ) эҷод карда буд. Табиист, ки бо рафтани ин асл ин монеа низ аз байн хоҳад рафт…

Ва имсол бо эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам(р) мушоҳида гашт, ки дар ҳақиқат, дар робитаҳои отифию арзишии мардум бо ҳукумат як қадами ҷиддии мусбат гузошта шудааст. Банда худ шоҳид будам, ки пас аз солҳо шунидани таъкидҳо бар ҷудоии дин аз давлат, баъзе аз мардуми оддӣ дар аввал ҳатто ба ин иқдоми бамавриди Сардори давлат боварашон намеомад ва ашки шодӣ мерехтанд. Ва аз баракати ин фазои солим ва ваҳдати арзишӣ ҳатто мушкилоти сардию торикию бебарқии зимистони имсол ба танқиду эътирозҳои хеле камтар гузашт… Ва ин шояд аввалин таҷрибае буд, ки як арзиши динӣ ҳукумат ва мардумро то ин андоза наздик сохтааст.

Ҳамин тавр, асл ва шиори ҷудоии дин аз давлат давлатро заиф сохта, аз ҳамкорӣ бо як нирӯи бузург ва бо як бахши муассири ҷомеа маҳрум намуда буд. Ин шиор даҳсолаҳо имкон надод, ки давлату миллати мо ва дар кулл, ҷомеаи мо ба ваҳдати воқеии арзишӣ бирасад.

(Идома дорад)


Абдуллоҳи Раҳнамо,
номзади илмҳои сиёсӣ

Категория: Одоб ва Ахлок | Просмотров: 115 | Добавил: tojikislom | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавление комментария




 

Навигари дар пойгоҳ

КАЛЕНДАРЬ

«  Июнь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
 

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?

Всего ответов: 68