Оё
дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дин аз давлат ҷудост? Оё ин асл ба таъриху
фарҳанг, арзишҳои милливу динӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеаи мо созгор
аст? Таъсири пайравии тӯлонии мо аз "ҷудоии дин аз давлат" дар раванди
эҳёи миллӣ ва давлатсозии муосири мо чӣ гуна будааст? Оё таъсири ин асл
ба зудӣ аз зеҳнҳои мо меравад? Дар навиштаи зерин талош шудааст, ки ба
ин саволҳо посух ҷуста шавад. Қонуни навини Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар
бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ки моҳи гузашта қабул шуд,
шояд беш аз ҳар қонуни дигар мавриди нақду эътирозҳо қарор гирифт.
Дар
ҳақиқат, агар ба ин қонун аз назари Сарқонуни кишвар, бофти арзишию
фарҳангии ҷомеа ва манфиатҳои давлативу миллии Тоҷикистон нигарем,
аксари нақду эродҳое, ки дар матбуот ба нашр расиданд, ҷой доштанд.
Хусусан, бо таваҷҷӯҳ ба фазои муносибе, ки дар соли охир дар муҳити
муносибати дину давлат пеш омада буд, қабули ин қонун боиси ҳайрати на
танҳо диндорон, балки аксари коршиносону таҳлилгарони ватаниву хориҷӣ
низ гашт. Ва агар баҳси арзиши ҳуқуқию сиёсии ин қонунро яксӯ гузорем,
ба таври бисёр хулоса метавон гуфт, ки қабули он фазои неку
ваҳдатбахшеро, ки баъди иқдоми неки Президенти кишвар мӯҳтарам Э.
Раҳмон дар бораи эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) пеш омада буд,
то ҷое хадшадор намуд. Шояд беҳтар мебуд, агар мегузоштем, то ба хотири
ҳифзи ин муҳити неки пешомада ва ба самари комил расидани ин иқдоми
наҷиб, Соли бузургдошти он бузургвор бо ҳамин рӯҳияи баланди ваҳдат
сипарӣ шавад.
Вале бо вуҷуди
ин, ба назари банда, қабули қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи
озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" дар таърихи давлатдории мо
аҳаммияти муҳимми рамзӣ дорад. Ин қонун ба ҳокимияти расмии як асли
пурмоҷарои қонунгузории мо, яъне асли "дин аз давлат ҷудо мебошад"
расман поён дод.
Гарчӣ мафҳуми
"ҷудоии дин аз давлат" солҳо пеш аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҳазф шуда буд, вале то 2-юми апрели соли 2009 он дар матни Қонуни ҶТ
"Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ" шояд "барои эҳтиёт" ҳифз мегашт ва
дар лаҳзаҳои зарурӣ гоҳ-гоҳ садо низ медод. Аз матни расмии қонунгузорӣ
ба куллӣ берун шудани ин асл аз назари амалӣ бисёр муҳим буд, зеро яке
аз хусусиятҳои фарҳанги сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи имрӯзи мо дар он аст, ки
гоҳо як банди қонуни оддӣ ё бештар аз ин, як фармони вазир ё амри
ректор ё иродаи директори як мактаб ё корхона ҳукми Конститутсияро
амалан бозмедорад. Ва мутаассифона, чунин баҳсу мисолҳоро ҳамарӯза дар
матбуот мехонем…
Бо вуҷуди ин, ки
қонуни нав омезиши дину давлатро эълон накардааст, вале аввалан, дар
масъалаи муносибати дину давлат матни он ба меъёри конститутсионии
ҷудоии "ташкилотҳои динӣ аз давлат" мутобиқ карда шуда, сониян,
банд-банди ин қонун нишонгари он аст, ки давлат шиори "ҷудоии дин аз
давлат"-ро барои ҳамеша раҳо карда, дар фазои динӣ барои худ ҳамаи
марзҳоро бардоштааст.
Қобили таваҷҷӯҳ
аст, ки гарчӣ ин шиор на ба дини мо, на ба таърихи мо, на ба фарҳанги
мо, на ба манофеи миллии мо, на ба воқеиятҳои ҷомеаи мо ҳеҷ нисбате
надошт ва солҳо пеш аз Сарқонуни ҶТ низ ҳазф шуда буд, вале зери як
пиндору боварии гипнозгунае дар ҳар маҷлису маҳфил суханро аз он оғоз
мекардем, ки "тавре ки медонед, дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост…"
Ва бо такрори нохудогоҳи ин шиор худ бо дасти худ ба раванди рушду
ваҳдати миллӣ зарбаҳои амиқ ворид менамудем. Аз ин рӯ, ҳамчун шаҳрванди
ин кишвар аз ин ки имрӯз билохира дар бораи асли тафриқбори ҷудоии дин
аз давлат феъли замони гузаштаро истифода менамоям, ҳисси хушиву қаноат
дошта, гузашти ин марҳилаи тафриқаро барои ҳамаи касоне, ки ба суботу
ваҳдати ин ҷомеа меандешанд, табрик мегӯям.
Вале ба хотири
он, ки натиҷаю оқибатҳои давраи пойбандии мо ба шиори "ҷудоии дин аз
давлат" рӯшантар гардад ва сабаби ин қаноату табрики муаллиф аз
бардошта шудани ин асл аз қонунгузории кишвар маълумтар бошад, дар ин
ҷо ба чанд пайомади ин шиор дар раванди давлатсозӣ ва ҷомеадории
муосири тоҷикон ишора мешавад:.
1. Шиори
ҷудоии дин аз давлат моро дар муқобили тамоми воқеияти он фарҳанги
бузурги маънавӣ ва сиёсии гузаштаамон қарор дода, имкони бо решаҳои
таърихии худ пайванди воқеӣ ёфтани раванди эҳёи миллӣ ва давлатсозии
муосири тоҷиконро бисёр заиф ва ҳатто номумкин сохта буд.
Барои риояти ин
шиор мо маҷбур гаштем, ки тамоми таърихи давлатдорӣ, чеҳраҳои тобони
таърихию сиёсӣ, осори фарҳангӣ ва арзишҳои миллии худро бо дасти худ
таҳриф намоем. Масалан, вақте мо сарчашмаҳои таърихиро дар бораи
давлати Сомониён мехондем, пеш аз ҳама дармеёфтем, ки низоми сиёсии он
аз пайванди амиқу органикии дину давлат бунёд ёфта, худи унвони амир,
ки бар садри низоми сомонӣ менишинад, як унвони сиёсии динии исломӣ
мебошад. Ва хусусан, вақте ба шахсияти Исмоили Сомонӣ рӯ ба рӯ мешавем,
мебинем, ки ӯ ҳамчун чеҳраи давлатӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ пеш аз ҳама
бо сифати муборизи исломӣ ва бо унвони динии ғозии ислом шинохта
мешавад ва дар корҳои муҳиммаш пеш аз ҳама бо уламои дин машварат
меорояд. Вале чун мо шиори ҷудоии дин аз давлатро пазируфта будем,
маҷбур будем, ки ин паҳлӯҳои Исмоилу Сомониёнро пинҳон дошта, ба
мардуми худ чеҳраи таҳрифшудаи ӯро пешниҳод созем. Ё агар дар бораи
иртиботи дину давлат дар давлатдории ниёгонамон сӯҳбате бикунем, ҳатман
ба ин нуктаи корномаи онҳо баҳои манфӣ медодем.
Чунин "зарурати"
таҳриф ҳангоми муаррифии бузургони илму фарҳангу адабамон низ пеш омада
буд. Мо сари ҳар сӯҳбат дар мавзӯи ватандӯстиву қаҳрамонӣ ва донишу
хирад аз Фирдавсӣ сухан мегуфтем, вале чун сухан аз дидгоҳи ӯ дар бораи
пайванди ҷавҳарии дину давлат ва нобуд гаштани онҳо бе ҳамдигар пеш
меомад ва ба ин шоҳбайт мерасидем, ки "Чунон дину давлат ба ҳам
андаранд, ту гӯӣ ду дурре зи як гавҳаранд…", дар ин маврид ё хомӯш
мемондем ва ё ин нуктаи андешаи ӯро интиқод мекардем. Яъне, ба хотири
риояти асли "ҷудоӣ" Фирдавсиро низ барои мардуми худ таҳриф мекардем...
Ё вақте
таълимоти андешамандони бузурги фарҳанги худ Имом Ғаззолӣ, Низомулмулк,
Саид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш ва дигаронро дар боби сиёсат ва
давлатдорӣ меомӯхтем, дар тамоми ин осор пеш аз ҳама ба масъалаи
пайванди ҷавҳарии дину давлат ва зарурати таовуну ҳамкории онҳо рӯбарӯ
мешудем, вале ба хотири риояти асли ҷудоии дину давлат наметавонистем
ин осорро чуноне, ки ҳаст, ба фарзандони худ таълим бидиҳем. Ва ногузир
бо таълими "ақидаҳои панду ахлоқӣ"-и онҳо кифоят мекардем.
Ва ҳамин тавр,
тамоми таъриху шахсиятҳову арзишҳои гузаштаи мо фақат ба хотири риояти
ин шиори бегона, ки дин аз давлат ҷудост, бо дасти худи мо таҳриф карда
шуданд. Хулоса, гӯё ниёгон ё бузургонамон дар ҳамаи масъалаҳо аз мо
огоҳтару аз мо хирадмандтар будаанд, вале дар масъалаи дину давлат мо
аз ҳамаи онҳо огоҳтару бузургтар будем ва ҳар гоҳе ин нукта пеш меомад,
онҳоро ислоҳ мекардем. Ҳамин тавр, ин пиндор ва ин шиор имкон надод, ки
мо дар тӯли даҳсолаҳо ба гузаштаи худ чуноне, ки буд, бингарем ва
таъриху фарҳанги гузаштаи худро чуноне, ки буд бишносем. Зеро мо бисёр
мехостем гузаштаи "дунявӣ" дошта бошем, ки дар он низ дину давлат аз
ҳам ҷудо бошанд ва аз ин рӯ чунин гузаштаро ба таври сунъӣ месохтем... Ҳамин тавр, ин шиор ҳамчун табари тезе миёни имрӯзу дирӯзи мо ва миёни шохаву решаи мо қарор гирифта буд.
2. Шиори
ҷудоии дин аз давлат имконоти давлати миллии моро бисёр заиф сохта,
иҷозат намедод, ки давлат аз тавону потенсиал бузурги дин истифодаи
саҳеҳ намояд. Фақат ба хотири риояти ин асл давлат худро ба соҳиби
ганҷе табдил карда буд, ки худаш барои худаш истифода аз он ганҷро
мамнӯъ намуда бошад. Дар ҳоле, ки дар ҳалли бисёре аз масъалаҳои сиёсӣ,
фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодии ин кишвар дин метавонист ҳамчун
яке аз шарикони давлат вазифаи муҳиммеро ба дӯш гирад, вале "ҷудоӣ"
имкони ин ҳамкориро намедод. Дар натиҷа, то имрӯз мо дар ин самтҳо
фурсату имконоти бисёр зиёдеро бохтем, ки аксари он ҷуброннопазир аст.
Ба таври мисол,
дар пеши чашми мо беҳтарин суннатҳои маънавию рафтории ҷомеаи мо фурӯ
рехта, ахлоқи насли наврас ба пойинтарин зинаҳо расид, вале фақат барои
риоят асли ҷудоии дин аз давлат солҳо розӣ нашудем, ки дар мактабҳои
кишвар дарси ахлоқу маърифати исломӣ таълим дода шавад. Ё дар ҳоле, ки
ҳазорон фарзандони мо аз ҷойҳои дигар таълимоти динӣ гирифта, ба чандин
ҳизбҳои динии ғайриқонунӣ ва равияҳои динии ғайрисуннатӣ гароиш ёфта,
як низои нави мазҳабию сиёсиро замина мегузоранд, боз ҳам мо ба хотири
риояти асли "ҷудоӣ" омода нестем, ки барои наҷоти фарзандонамон ва
ниҳоят, барои наҷоти ҷомеаамон таълими дурусти маърифати диниро худамон
дар мактабҳо ба роҳ гузорем.
Ва имрӯз ҳатто
дар ҳоле, ки Президенти кишвар бо дарки ин зарурат барои таҳияи
барномаи таълимии фанни маърифати исломӣ дар мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон супориш додааст ва вазорати маориф ба иҷрои ин супориш оғоз
кардааст, боз ҳам баъзе аз "соҳибназарон"-и ин масъала изҳори ташвиш
мекунанд, ки пас "асли ҷудоии дин аз давлат" ва "моҳияти дунявии
маориф" чӣ мешавад?
Хулоса, эълони
ҷудоии мутлақи дин аз давлат давлатро ба шахсе мушобеҳ сохта буд, ки
худ эълон намояд, ки дасти ростам аз дасти чапам ҷудост ва ҳар даст
бояд ҷудогона кори худро бикунад. Дар натиҷа он корҳое, ки бояд дудаста
анҷом мешуданд, анҷом нашуданд ва он вазнаҳое, ки бояд дудаста бардошта
мешуданд, рӯи замин монданд.
Таъсири манфии
арзишӣ ва равонии асли ҷудоии дин аз давлат низ барои ҷомеаи мо сангин
буд. Чун барандаи арзишҳои динӣ мардум буда, дин амалан ҳамчун фарҳанги
зиндаи мардумӣ зиндагии ҳамарӯзаи онро танзим мекунад, шиори ҷудоии дин
аз давлат ва таъкиди ҳамешагӣ ба риояти он навъе девори арзишӣ ва садди
равонӣ байни давлат ва мардуми пайрави динро ба вуҷуд оварда буд. Ё ба
ибораи сареҳтар, ҷудоии дин аз давлат гоҳо тобиши ҷудоии давлат аз
шаҳрвандони худ, аз мардуми худро мегирифт. Ин буд, ки ин асл барои
таъмини пайванду ваҳдати амудии ҷоме¬аи мо ва барои мардуме, ки аз
арзишҳои динӣ пайравӣ мекунанд, то охир худӣ шудани давлат монеаи
ҷиддии равонӣ (психологӣ) эҷод карда буд. Табиист, ки бо рафтани ин асл
ин монеа низ аз байн хоҳад рафт…
Ва имсол бо
эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам(р) мушоҳида гашт, ки дар ҳақиқат,
дар робитаҳои отифию арзишии мардум бо ҳукумат як қадами ҷиддии мусбат
гузошта шудааст. Банда худ шоҳид будам, ки пас аз солҳо шунидани
таъкидҳо бар ҷудоии дин аз давлат, баъзе аз мардуми оддӣ дар аввал
ҳатто ба ин иқдоми бамавриди Сардори давлат боварашон намеомад ва ашки
шодӣ мерехтанд. Ва аз баракати ин фазои солим ва ваҳдати арзишӣ ҳатто
мушкилоти сардию торикию бебарқии зимистони имсол ба танқиду эътирозҳои
хеле камтар гузашт… Ва ин шояд аввалин таҷрибае буд, ки як арзиши динӣ
ҳукумат ва мардумро то ин андоза наздик сохтааст.
Ҳамин тавр, асл
ва шиори ҷудоии дин аз давлат давлатро заиф сохта, аз ҳамкорӣ бо як
нирӯи бузург ва бо як бахши муассири ҷомеа маҳрум намуда буд. Ин шиор
даҳсолаҳо имкон надод, ки давлату миллати мо ва дар кулл, ҷомеаи мо ба
ваҳдати воқеии арзишӣ бирасад.
3. Шиори
ҷудоии дин аз давлат ҷомеаи моро ба тафриқаи амиқи фикрӣ ва сиёсӣ рӯ ба
рӯ сохта, ниҳоят дар як низои сунъӣ дар муқобили ҳам қарор дод.
Маҳз ҳамин
тафаккур, ки дин аз давлат ҷудост ва ислом аз сиёсат ҷудост ба мо
иҷозат надод, ки солҳои тӯлонӣ яке аз оддитарин падидаҳои имрӯзи ҷомеаи
мо, яъне фаъолият ва иштироки сиёсии динро эътироф намоем. Вақте ки як
бахш аз ҷомеа роҳи иштироки сиёсии диниро пеш гирифт ва бо андешаи
таъсиси ҳизби сиёсии динӣ ва ширкат дар равандҳои сиёсӣ ба саҳна омад,
бахши дигари ҷомеа дар муқобили он «ҷудоии дин аз давлат» ва «ҷудоии
ислом аз сиёсат»-ро далел намуда, солҳо аз қоил шудани ҳаққи фаъолияти
расмӣ барои ҷониби дигар худдорӣ намуд. Масъалаи иҷозати фаъолият ва
эътирофи ҳизби сиёсии динӣ аз охири солҳои 80-ум то охири солҳои 90-ум
яке аз масъалаҳои марказии низои дохилии Тоҷикистон буда, фақат соли
1999 пас аз бохтани фурсатҳои зиёди ҳамзистиву созандагӣ ҳалли қонунии
худро пайдо кард. Вале бо вуҷуди дар банди 28-уми Сарқонуни кишвар сабт
шудани ин ҳақ, ин масъала дар зеҳни баъзе аз назарияпардозони асли
«ҷудоии дин аз давлату сиёсат» дер боз ҳалл нагашта, ҳатто имрӯз ҳам
гӯиё, ки ҳеҷ низое нагузашта бошад, бе ҳеҷ эҳсоси масъулият гоҳе такрор
мешавад.
Хулоса, ин шиор
яке аз заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва яке аз пояҳои низоъҳои арзишӣ,
сиёсӣ ва равоние буд, ки мо пеш аз оғоз ва пас аз анҷоми ҷанги
шаҳрвандӣ онро муддатҳо аз сар гузаронидем ва ҳамин тавр, барои ҳифзи
як асли бегона ба ҷони ҳам даровехтем ва ин шиорро бо хуни ҳам олуда
сохтем.
4. Шиори ҷудоии дин аз давлат боиси пасмондагии шуури динии ҷомеа ва заъфи қишри рӯҳониёни исломии тоҷик гашт.
Бо мақсади риояти
ҳарчӣ дақиқтари ин асл мо солҳо талош намудем, ки дин ва рӯҳониёни
диниро дар ҳошияи ҷомеа қарор бидиҳем ва ба масъалаҳои ин қишри муҳими
ҷомеа ва ба вазъияти шууру маърифати динии мардум ҳеҷ таваҷҷӯҳе
накардем.
Хусусан,
бетаваҷҷӯҳии мутлақи мо ба вазъи маорифи исломӣ дар кишвар натиҷаҳои
бисёр ногувор ба ҷой гузошт. Бо бовари ин, ки дин аз давлат ҷудост ва
таълимоту маорифи исломӣ ба давлат дахл надорад, мо ҳеҷ таваҷҷӯҳ
накардем, ки аслан мардуми мо исломро дар куҷо, чӣ гуна, дар чӣ шароит
ва аз кадом барнома меомӯзад. Танҳо иқдоме, ки ҷомеа аз мо медид,
гоҳ-гоҳ боздошт кардани чанд кӯдаки қуръонхон ва ҳамчун ҷинояткори азим
аз тариқи телевизон намоиш додани онҳо буд. Дар натиҷа мо имрӯз дар ин
масъала ба ду мушкилаи ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудем, ки акнун ба ҳамагон рӯшан
аст:
1.Мо имкон
наёфтем, ки низоми муназзам ва муосири таълимоти касбии диниро ба вуҷуд
оварем. Аз ҳудуди 20 мадрасаи исломие, ки имрӯз дорем, аксаран
муассисаҳои таълимии бисёр хурд буда, дар ҳолати нимафаъол ба сар
мебаранд ва аз таъминоти бисёр заифи моддию фаннӣ бархурдоранд.
Вазъияти барномаҳои таълимии онҳо низ бисёр ошуфтаву поин аст. Ин
мадрасаҳо, ки мо ба хотири риояи асли ҷудоии дин аз давлат онҳоро
ҳамчун «фарзандони ӯгай» канор гузоштем, имрӯз аксаран дар вазъи шабеҳ
ба мактабҳои кӯҳна боқӣ мондаанд, дар ҳоле, ки ҷамъи тамоми талабагони
ҳамаи онҳо шояд баробари талабагони як мактаби миёнаи таълимоти умумӣ
набошад. Хулоса, дар ҳоле, ки акнун ҷомеа ба чунин кадрҳо бисёр ниёз
дорад, ин мадрасаҳо наметавонанд мутахассисони баландихтисос ва
муосирфикри диниро омода намоянд. Бо таваҷҷӯҳ ба
ин, бояд гуфт, ки аз соли гузашта зери сармоягузорӣ ва пӯшиши худ қарор
додани Донишкадаи исломӣ яке аз иқдомоти бисёр мусбат ва муҳимми давлат
мебошад. Вақте ки дар солҳои 2000-2005 банда зарурати чунин иқдом аз
сӯи давлатро дар маҷлисҳо ва дар матбуот ба миён мегузоштам, баъзе
мушовирон ва масъулини идеологии он замон шадидан эрод мегирифтанд, ки
ин кор хилофи асли ҷудоии дин аз давлат мебошад. Хушбахтона, дар пайи
иқдоми воқеъбинонаи Президенти кишвар ин кор амалӣ шуд ва инак бар
хилофи таъкидҳои он мушовирон, маълум гашт, ки фаъолияти Донишкадаи
давлатии исломӣ дар шароити давлати дунявӣ низ имконпазир будааст.
Танҳо нуктае, ки дар идомаи ин иқдоми нек муҳим аст, ин аст, ки
талошҳои ислоҳ ва «муосир» намудани ин муассисаи таълимӣ бояд бисёр бо
мулоҳиза анҷом шавад, зеро ин донишкада фақат дар сурате нақши худро
барои ҷомеа дуруст иҷро мекунад, ки ба донишгоҳи сифр дунявии
исломишиносӣ табдил нашуда, ҳамчун муассисаи таълимии динӣ боқӣ бимонад
ва маҳз рӯҳониёни босалоҳияти дорои диди муосир ва мавқеи шаҳрвандӣ
тарбият намояд.
2. Мушкили
дигаре, ки дар ин замина бо он рӯ ба рӯ шудем, дар фазои динӣ нуфузи
ҷиддӣ пайдо кардани таҳсилдидагони марказҳои таълимии динии хориҷӣ
мебошад. Вақте мо бо хаёли ҷудоии дин аз давлат маорифу таълими диниро
масъалаи давлат надонистем ва ба ихтиёри худаш гузоштем ва низоми қавии
маорифи динии дохилиро ба вуҷуд наовардем, ҷавонон дар ҷустуҷӯи таълими
муосиру муносиби динӣ ба хориҷи кишвар рафта, баъзе аз онҳо аз он ҷо
ҳамроҳ бо дониши динӣ дидгоҳҳои хоссаи сиёсию иҷтимоӣ ва фиқҳию
мазҳабии роиҷ дар он кишварҳоро низ ба фазои динии Тоҷикистон оварданд.
Аммо мо бо умеди он ки дин аз давлат ҷудост, гузошта будем, ки ҷомеа ба
марзи як низои мазҳабӣ наздик шавад. Он гоҳ низ мисли ҳамеша чароро на
дар ислоҳ, балки дар манъ кардан дидем.
Ва муҳимтар аз
ҳама, мо дарёфтем, ки низоми маорифи динии мо ҳеҷ гуна қудрати рақобат
бо ин падидаро надорад ва хатмкардаҳои мадрасаҳо ва донишкадаи исломии
мо дар баробари ҷавонони тозатаҳсили хориҷӣ ҳеҷ нирӯи қобили таваҷҷӯҳе
ба ҳисоб намеоянд.
Ва ҳамин тавр,
мо дар ниҳоят эҳсос кардем, ки бо хаёли риояти бе чуну чарои асли
ҷудоии дин аз давлат, мо дар ин масъала низ бохти бузурге кардаем ва
масъалаи маорифи динӣ ва тайёр кардани рӯҳониёни дорои салоҳияти илмӣ
ва диди васеи ҷамъиятиву шаҳрвандӣ маҳз вазифаи давлат будааст. Зеро
дар шароити пешомада маҳз рӯҳониёни босалоҳияту огоҳ метавонанд яке аз
пояҳои суботи ҷамъӣ ва амнияти миллӣ бошанд.
Ҳамин тавр, асли
ҷудоии дин аз давлат имкон надод, ки тафаккури динии ҷомеа ва қишри
уламои исломии тоҷик баробари замон рушд намуда, дар шароити феълӣ
барои мусоидат ба рушди фарҳангу маърифат ва таҳкими суботу амнияти
ҷомеаи мо ба таври комил омода гардад. Асли ҷудоии дин аз давлат ба мо
тафаккури динии хурофотӣ ва рӯҳониёни исломии заифро ба армуғон овард.
Ва дар шароити феълӣ доштани қишри рӯҳонии пароканда ва заиф худ як
заъфи ҷиддии ҷомеа ва давлат аст.
Хулоса, ҳамин
нигоҳи мухтасар ба пайомадҳои давраи ҳукумати расмии асли «ҷудоии дин
аз давлат» нишон медиҳад, ки ҷомеаи мо ба хаёли риояти комили ин асл
зиёну хисоротҳои бисёр ҷиддӣ дида, фурсату имконияти зиёди рушду
ваҳдату созандагиро аз даст додааст. Имрӯз бо изҳори истиқбол аз ҳифз
шудани ин асли миллатсӯзу ваҳдаткуш аз қонунгузории расмии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар поён бояд чанд нуктаи ҷиддиро ёдовар шуд:
1.Акнун дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ аз назари расмию сиёсӣ ва чӣ аз назари
қонунгузорӣ дин аз давлат ҷудо нест ва Сарқонуни кишвар фақат ҷудоии
сохтории «ташкилотҳои динӣ аз давлат»-ро муқаррар намудааст. Вале дар
амалияи давлатдории мо пайванди дину давлат боз ҳам амиқтар буда,
хусусан, пас аз қабули қонуни нав марзҳои ҷудоии давлат ва ташкилотҳои
динӣ низ бисёр камранг шудааст. Умуман, дар ҷомеае, ки дар он ҳукумат
Донишкадаи исломӣ таъсис менамояд, давлат Соли Имоми Аъзам(р) эълон
мекунад, Президент тарҷумаву чопи Қуръони каримро сарпарастӣ мекунад,
давлат расму оинҳои диниро танзим мекунад, имомҳои масҷидҳо бо
мувофиқати мақомоти давлатӣ интихоб мешаванд, барномаи таълимии
муассисаҳои динӣ аз тарафи давлат тасдиқ мешавад ва ғайра, дигар аз
ҷудоии дину давлат сухан гуфтан маъное надорад. Шояд дар маҷмӯъ, акнун
мо аз фаҳми маҳдуду ифротию идеологии дунявият дур шуда, ба фаҳми
саҳеҳтару ақлонитари он наздиктар мешавем.
2.Баъди солҳои
таъкиду бовару парастиш, билохира ба гузашта раҳо намудани асли
тафриқабори «ҷудоии дин аз давлат» қадами муҳимме ба сӯи солим шудани
фазои фарҳангӣ, арзишӣ ва сиёсии ҷомеаи мо буда, дар айни замон, нишон
медиҳад, ки раванди ҷомеадорию давлатсозии мо ба тадриҷ ба сӯи табиитар
ва ақлонитар шудан самт мегирад. Ва агар ин раванди солим идома ёбад,
дар оянда бисёре аз мафҳуми тақсиму ҷудоиву боварҳои сунъию бегонае, ки
мо имрӯз онҳоро дар андешаю қонунҳои худ ҷой дода, гоҳо аз манфиатҳои
милливу давлатии худ болотар ниҳода, ба хотири риояти онҳо худро ва
ҳамдигарро мефишорем, низ ба тадриҷ аз эътибор соқит шуда, ҷои онҳоро
мафҳумҳои ақлонӣ, миллӣ ва табиӣ хоҳанд гирифт. Пас умед аст насли
баъдии мо дар муҳити осудагии бештари зеҳниву равонӣ ва дар фазои басо
ақлонитару миллитару табиитар ба сар хоҳад бурд.
3. Гарчӣ асли ҷудоии
дин аз давлат аз матни қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамом ҳазф
шуд, вале осори амиқи он рӯи робитаҳои дину давлат ва хусусан, дар
зеҳни он назариясозон, ки ба ин асл бовару имон доштанд, ҳанӯз
муддатҳои дигар боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, ҳоло то комилан мавзун
шудани ин масъала фурсати бештар зарур аст ва набояд бо шитоб хулоса
гирифт. Зеро гарчӣ асли «ҷудоӣ» рафтааст, вале насли «ҷудоӣ» ҳамоно
боқист ва он ҳар лаҳза метавонад дар бораи зарурати ислоҳи ин «иштибоҳ»
хулосаю пешниҳодҳои худро ироа намояд.
4. Ҳамин пайомадҳои
манфии зикршуда кофист, ки ҷонибдорон ва назарияпардозони асли ҷудоии
дин аз давлат дарк намоянд, ки бо вуҷуди гузашти 18 соли истиқлолият ва
дигар барои ҳифзи ин асл вуҷуд надоштани ҳеҷ маҷбурияте аз «марказ»,
онҳо аз чӣ чиз ҳимоят кардаанд ва бо ин талқину мавзеъгирии худ огоҳона
ё ноогоҳона ба раванди эҳёи миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон чӣ
зиёни бузурге ворид намудаанд…
Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ |