ИСЛОМ ДАР ДОМАНИ БАҲСҲОИ СИЁСӢ ВА АҚИДАТӢ - 23 Июня 2009 - Дневник - Ислам в таджикистане - Ислом дар Тоҷикистон
Якшанбе, 14.03.2010, 00:36
Приветствую Вас Гость | RSS
Главная | Дневник | Регистрация | Вход
НАВОРҲОИ ОВОЗӢ НАВОРҲОИ ВИДЕО БАРНОМАҲО
Пароль:
RSS ТАМОС БО МО

САФҲАҲО

Хабарҳо

НАВОРҲО

Дар пойгоҳ

Онлайн всего: 6
Меҳмонҳо: 6
Пользователей: 0

Главная » 2009 » Июнь » 23 » ИСЛОМ ДАР ДОМАНИ БАҲСҲОИ СИЁСӢ ВА АҚИДАТӢ
ИСЛОМ ДАР ДОМАНИ БАҲСҲОИ СИЁСӢ ВА АҚИДАТӢ
12:21
ИСЛОМ ДАР ДОМАНИ БАҲСҲОИ СИЁСӢ ВА АҚИДАТӢ

(эҳдо ба ҷашнвораи Имоми Аъзам)

Ислом ба сифати як дини ваҳдонӣ маншаи ифтихори ҷаҳонист. Вале, мутаассифона, баҳсҳои мазҳабӣ ва фирқаву ҷараёнӣ дар дохили ин дини муқаддас парокандагӣ ва даргириҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Солҳои 1992 ҳамин фирқагароиву ҷараёнкашиҳои динӣ дар қатори дигар омилҳо заминаи муносиберо барои амалӣ гардонидани нақшаи душманони миллати тоҷик - ташкили ҷанги шаҳрвандӣ ва заиф кардани давлатдории тоҷикон муҳайё сохт.

Ба ҷонибе исми ваҳҳобиву "фундаменталист" ва ба ҷонибе мусалмонони суннатӣ ном ниҳодаву авҷ гиронидани парокандагии ҷомеа яке аз усулҳои муваффақи нотавонбинони миллати тоҷик гашт.

Ва таассуф, имрӯзҳо ҳамон аломати нотифоқиву гурӯҳсозиҳои фирқавӣ бо исми "салафӣ"-ву "суннатӣ" ҷо-ҷо заминаи тафриқаҳои ҷомеа гашта истодааст. Баъзан, ҳатто дар фитаҳои амри маъруфии баъзе аз "пешвоёни дин" тарафи дигаре ба илҳоду (аз дин баргаштан) бидъат (дар ислом ҷорӣ кардани қоидаҳои наве, ки ба асоси дин мухолифанд) муттаҳам дониста шуда, як ҷониб тарафи дигарро бо ифодаҳои "саги малъун", "кофир" ва бадтар аз ин таҳқирҳо ном мебаранд. Албатта, пайравони дини мубини ислом, алалхусус, бо ном пешвоён (фақеҳон) дар тафсири ояҳои муқаддаси "Қуръон" ва ҳадис яқинан як маъниро имкон дорад пайдо накунанд, чун зарфи онҳо як нест. Аммо суоле пайдо мешавад. ки як ҷониб бо кадом далел зарфи худро ҳақ дорад бар сари дигарон таҳвил намояд? Аз ин лиҳоз, ба андешаи мо, кушодани моҳияти мазҳаб аз муҳимтарин масъалаҳои ислом бошад. Мақолаи мазкур ҷаҳдест дунболи ин мавзӯъ дар як зарф. Умедворем, ки мухолифони назари мо дар баҳси мазкур аз истифодаи ифодаи "саги малъун" худдорӣ мекунанд ва мавқеи худро аз рӯи одоби баҳс баррасӣ мекунанд.

Пӯшида нест, ки азизони зиёде дар гироиши мазҳабӣ фароҳам наомада, балки аз тафриқаҳои мазҳабӣ безоранд, зеро маҳз дар заминаи ҳамин тафриқаҳо бар сари ҷомеаи исломӣ ва мардуми мусалмон хориҳои зиёде расида. Намунаи рӯшани ин мақом Ҷомии бузургвор аст, ки ахлоқи ҳамидаи исломии ӯро ҳеҷ мазҳабе натавониста, ки бар таассуб ва гироиши якҷониба муттаҳим сохта бошад. Ин бузургвор аз эҳсоси дард ва дилсӯзии парокандагии исломӣ аз мақоми мазҳаб фармуда:

Эй муғбачаи даҳр бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям.

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ,

Сад шукр, ки …суннию …шиа наям.

Ин гуфтори ҳазрати Ҷомӣ на таҳқири муслиме, балки хулоса аз дарди ҷонкоҳи хуношомиҳои ду мазҳаби исломӣ шуда.

Абу-ал-Ало ал-Мавдудӣ таърихи исломро ба чаҳор давра, исломи давраи Расули акрам; давраи мутлақият; давраи мустамликакунонии колонизатсионӣ ва давраи ҷадид тақсим намуда, барҳақ нигоштааст, ки ислом дар замони Расули акрам дар як давлатчае (Мадина дар назар аст) эҳё шуд, ки ҳудуди он деҳаро мемонд ва шумори мардуми он аз 6-7 ҳазор кас зиёд набуд. Ва бо ҳамин ҳудуду шумора вай ба минтақаи ҷаҳонӣ табдил шуд ва сафи пайравонаш ба андоза афзуд. Сирри ин музаффарият, хоса, ин буд:

-дар дасти як шахс будани кори дин ва кори давлат ва аз ин ҷо ба шариату тариқати исломӣ мувофиқ будани сиёсати давлат ва аъмоли дунявӣ;

-ба виҷдони мардум ҷавобгӯ будани кори дину давлат;

-ба ҳам мувофиқ будани назар ва амали ислом.

Яъне, бузургии Расули акрам он буд, ки дар айёми ӯ зоҳиру ботини сиёсати исломӣ ба ислом созгору ҷавобгӯ буд ва ҳар ҷо, ки ислом қадам мениҳод мардуми аз ҷаҳолату қабоҳати замони ҷоҳилияи араб ба дод омада дар чеҳраи ислом наҷоти худро дармеёфтанд ва ба истиқболи он мешитофтанд. Мардуми аз ҷабру ҷафои қасрнишинони худӣ ба дод омада дар бисёр ҷангҳо ба лашкари ислом мусоидат мекард, онҳоро аз роҳҳои ниҳонӣ ва хилват ба пушти дарвозаҳо ва деворҳои ҳимоявӣ мебурданд. Ин ахлоқи ҷомеа дар давраи халифа Умар ҳифз буд. Ҳамин Умар буд, ки барои таъмини адли илоҳӣ ба масеҳии аз писари Амр ибни Ос (ҳокими Шом) беасос ҷафодида фармуд: "Бар сари ин "фарзанди ашроф" он қадар қамчин бизан, ки худ мехоҳӣ". Ҳамин Умар буд, ки яке аз ҳокимҳои Мисрро, ки бо адлу дод ҳукумат мекард, аммо барои худ қасре зебо бунёд карда буд, ба Мадина хонд ва либоси шутурбонро бар ӯ пӯшонд ва гуфт: Ҳокиме, ки барои худ қасри зебо месозад, хонаи мардумро хароб хоҳад кард. Ҳамин Умар буд, ки дар айёми марг чун аз ӯ тамаллуқкоре тақозо кард, ки дар кори ҷойнишиниаш фарзандаш Абдуллоҳ бини Умарро васият кунад, гуфт: "Худованд туро бикушад ва нобудат кунад. Савганд ба Худо, ки ин суханро ба хотири Худо нагуфтӣ. Вой бар ту. Чи гуна мардеро ба унвони ҷонишинии худ интихоб кунам, ки натавонист занашро талоқ диҳад…". Дар кори аморат дар айёми халифаи дуввум (Усмон) аввалин нишонаҳои таҳрифкорӣ аз пайдои худ дарак дод. Амири сеюм - Алӣ дар хилофат дар шароите омад, ки аллакай ҷилави идораи давлат басо заиф гаштаву пешгомони ислом худ ба ошуфтагии аморати исломӣ мусоидат карданд, парокандагии сиёсии ислом ба вуҷуд омада буд.

Дар замони мутлақият, ки оғози он ба арсаи хилофат по гузоштани бани Умайя рост меояд, чанд носозгории миёншикане дар олами ислом ворид карда шуд, ки гаронтаринашон инҳо буд:

-аз ҳам ҷудо шудани давлат аз шариати исломӣ. Яъне, дар ин айём қудрати сиёсии давлат дар дасти амир ва қудрати идораи ислом ба дасти уламо, фақеҳон ва шайхону сӯфиён гузашт. Ин иқдом аз худ боз чандин омили заифкунандаи исломро тавлид намуд, мисли: парокандагии усулӣ ва фурӯъии шариатӣ; аз тарафи амирҳо ба мақсадҳои сиёсии худ нигаронидани фиқҳи ислом ва ба ин васила дар шариати исломӣ ворид намудани бидъат ва ҳатто куфр ва ғайра:

-дар чеҳраи дин ворид намудани сиёсати таҷовузкоронаи давлатҳои арабӣ ва ба миён гузоштани шиори "Ислом барои тамоми дунё":

-ба чеҳраи дин мухолиф гаштани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии фаъолияти ҳукуматдории аморат:

-рӯз аз рӯз камшумор гаштани симои муслими пок ва афзудани мунофиқиву реву риё дар чеҳраи мусалмони фардӣ ва ба ин васила кушта шудани ормони ҷомеаи исломӣ:

-ба шарафи мардуми мусалмон мухолиф шудани сиёсати давлат.

Амали мазкур ба он боис шуд, ки ҳамеша дар аморатҳои империявии мусалмонии арабӣ зиддияти байни ҷомеа ва давлат мавҷуд буд ва боқӣ мемонд.

Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки дар ҳар кадом ҷомеае, ки оммаҳои мардум ба давлат ва ҳукумат назари нек надоранд ва онро аз ҷону дил пуштибонӣ намекунанд, пешрафт, ягонагӣ, инкишоф ва тараққӣ нест, агарчи аз дасти оммаҳои мухолифи давлат коре ҳам наояд. Ҳамин натиҷа аст, ки империяи бузурги давлати исломӣ бо мурур шикаст хӯрд ва давлатҳои исломии хурду калони нав ба вуҷуд омаданд.

Дар ин замина, ҷои ифтихори исломиро ифтихорҳои миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва забонӣ гирифт. Худбинии ҳокимон меафзуд. Ислом чеҳраи худро рӯз аз рӯз гум мекард. Дар бештар ҳолат, аз ислом танҳо ном боқӣ монд.

Ривоят аст, ки чун сари имом Ҳусайни муҷтаҳидро болои найза кашида то "кох"-и Язид бурданд ва болои ташт гузошта ба "ҳузур"-и ӯ ворид карданд, ин вақт назди ӯ сафири масеҳие ҳозир буд ва ин ҳолатро дид ва гуфт: "Вой бар Шумо. Мо масеҳиён суми хари мурдаи Масеҳро то ҳанӯз болои равоқи калисои худ ба иззат медорем. Шумо ҷигарбанди Паёмбари худро ба ин ҳол овардед".

Боб гуфт ва Баҳо овард: "Аз он рӯзе, ки сари имом Ҳусайн ва хонадони паёмбар дар Карбало аз тан ҷудо карда шуд, ботини ислом ба нобудӣ рафт ва аз ислом танҳо зоҳир боқӣ монд ва ин аст мансухияти ислом ва иллати омадани Боб ва Баҳо".

Нишонаи мусалмонӣ танҳо ҳамин шуд, ки бигӯяд: Ман мусалмонам ва Худо ҳаст. Дигар бештари аъмол бидъат ва куфру илҳод шуд. Барои раҳоӣ андешаҳои "мусалмонӣ дар дил аст" пайдо шуд, ки ин ҳама ончуноне ишора рафт ба авҷи мунофиқӣ, риё ва рев табдил шудани симои мусалмонро оварда расонд.

Кишварҳое мисли Андалус (Испания) ба пуррагӣ тарки ислом карданд. Марзҳои исломии зиёде пеши истилои муғул сар хам карданд ва ҳазорҳо орифони исломӣ мисли Фаридуддини Аттор сар болои кунда гузоштанду муғул бар гарданашон шамшер зад ва арзишашон ба андозаи "як турба коҳи маркаби муғул" баҳогузорӣ гашт.

Аз ин заифшавии исломӣ истифода карда, Ғарб ба мустамликакунӣ ва колонасозии олами ислом шурӯъ кард ва ба натиҷаҳои "назаррас" ноил гашт. Инстиутҳои ғарбии "дигаргунсозии шахсияти мусалмон" ба фаъолияти фаъол гузаштанд. Бештари чеҳраҳои исломӣ ба таълимоти Ғарб фаро гирифта шуда, ҳамчунон, бо дасти колонизаторҳои Ғарб бар сари давлатҳои тобеъшудаи исломӣ ба сари қудрат оварда шуданд. Зери таъсири коммунизми русӣ ва "демократия"-и Ғарбӣ даҳҳо давлатҳои исломӣ ба лухтакчаҳо табдил шуданд. Таҳрифкориҳои Ғарб бар ҷавҳари ислом роҳ ёфт. Дар Туркия ҳазорҳо мусалмон барои мухолифат ба "шляпа"-ҳои ғарбӣ ба қатл расонида шуд. Дар Алҷазоир инқилоби исломӣ бо қувваи мардуми мусалмон истиқлоли миллиро таъмин кард ва дар натиҷа он ҷумҳурии сотсиалистӣ эълом гашт. Ироқи исломӣ бо васвосаи Амрико тӯли беш аз даҳ сол бо ҳамдинони иронии худ дасти таҷовуз дароз кард. Ва инак, Амрико "ба кори мардуми Ироқ машғул гашт" ва Саддом Ҳусайнро дар рӯзи иди "Қурбон" "барои хотири ислом" қурбонӣ кард.

Ва имрӯз Ғарб бар он ноил шуда, ки бар мусалмонони ҷаҳон ин ақидаро бовар кунонад, ки бидуни "демократия"-и Ғарб озодӣ нест ва бидуни илми Ғарб пешрафт. Вале, мусалмонони ҷаҳон намеандешанд, ки Ғарб ҷомаи илмро аз кишварҳои исломӣ дарёфта ба тан кард ва баъд беш аз ҳар душманиеро бар сари ислом таҳвил намуд.

Ҳамагон огоҳанд, ки аввалин парокандагии мардуми мусалмон баъд аз реҳлати ҳазрати Расули акрам Муҳаммад (с) дар боби дунёдорӣ, яъне омадан ба сари тахти сиёсии дунявии ислом-тахти хилофат сурат гирифта, ки ин худ ба ҷавҳари ислом бегона ва хилоф аст.

Мусалмонон огаҳанд, ки Расули акрам ҳанӯз ошӯфтагӣ ва нигаронии пурандӯҳи худро дар боби парокандагии уммат ташвишомез баён карда буданд. Дар ҳадиси саҳеҳ таъкидан омадааст, ки: "Ман барои умматам аз пешвоёни гумроҳкунанда бимнокам".

Умари Форуқ дар ҳангоми гирифторӣ ба ҷароҳати ҷонкуш ба 6 нафар номзадҳои тахти аморат гуфта буд: "…агар шумо дуруст бошед ва пойдорӣ кунед, аз ин ки мардум алайҳи шумо бошанд, бим надорам ва балки он чи аз он метарсам ин аст, ки бо ҳамдигар ихтилоф кунед ва он гоҳ мардум дучори ихтилоф ва тафриқа шаванд…".

Имрӯз бо андешаҳои зиёди ифротӣ танобкашии мазҳабӣ мекунем, болои ҳам бӯҳтон месозем, рангҳои таърихро барои "об додан"-и манфиатҳои имрӯзии худ ранг мерезем. Қатли Умарро бо гардани Абулӯълӯи маҷӯсӣ мезанем, қатли Усмонро ба ӯҳдаи пайравони Алӣ бор мекунем, қатли Алиро бар дӯши хавориҷ мепартоем, косаҳои заҳробаи ҷигаррези даҳҳо имомони исломиро ба нодиданӣ ҳавола мекунем, шаҳодати Ҳусайну аҳли Карбалоро бо фатвои "иҷтиҳод" рӯпӯш мекунем. Ба ҷои он ки аз ин носозгориҳо, хатоҳои таърих сабақ бигирем ва илоҷи кори оянда кунем. Ҳеҷ гоҳе ҳанӯз ба ин ҳикмат таслим намешавем, ки:

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,

Пас, фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?!

Болотар аз ин, дар ояҳои "Қуръони маҷид" таъкидҳои фазилатии Худованди таборак ва таъоло нозил шуда, ки "Ҳамагӣ ба ресмони илоҳӣ чанг занед ва пароканда нашавед ва ёдовари неъматҳои Илоҳӣ бошед" (Оли Имрон, ояти 103). Ва ё: "Ин роҳи мустақими ман роҳи тавҳид, роҳи ҳақ ва адолат, роҳи покӣ ва тақвост, аз он пайравӣ кунед ва ҳаргиз дар роҳҳои инҳирофӣ ва пароканда гом маниҳед, ки Шуморо аз роҳи Худо мунҳариф ва пароканда мекунад ва тухми нифоқ ва ихтилофро дар миёни шумо мепошад…" (сураи Инъом,ояти 153).

(идома дорад)

Муҳаммади ДАШТИҶУМӢ

устоди Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон


Категория: Одоб ва Ахлок | Просмотров: 101 | Добавил: tojikislom | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1


(12.07.2009 12:55)

0  
Сообщений № 1 Написал: zuhuridin (12.07.2009)

Hazrati Amr ibni Os dar khilofati hazrati Umar volii Misr bud na shom....
dyuym ki jangi shahrvandii Tojikiston sababi asosiyash mahalchigi bud na dinu mazhab
dar 70 sole ki mardumi shimol hukmroni kardand
yak bughze dar dili mardumi kuhiston ziddi onho resha mekard va onho fursatero mejustand
in fursat faqat badi poshkhurii sssr paido shud
tohiri abduijabor , shodmoni yusyf,general navjuvonov,bozor sobir,davlati khudonazar,mirbobo mirrahim va sadho nafarone ki ba dinu mazhab yagon vobastagi nadoshtand mushorik dar in janjolho budand


 -------------- Комментарий --------------
Добавление комментария




 

Навигари дар пойгоҳ

КАЛЕНДАРЬ

«  Июнь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
 

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?

Всего ответов: 82