Шукри
он зоте, ки меҳру муҳаббат ва раҳму шафқатро дар дили бандагони худ ҷой
додаву бародариву баробариро барои онҳо лозим дониста ва дар байни онҳо
фарқият ва бартарие дар махлуқияти онҳо нагузоштааст, магар ки фарқияту
бартариро дар тақво ва парҳезгории онҳо раво донистааст, ки мефармояд:
"Бешак беҳтарини шумо ва бузургтарини шумо назди Парвардигор касест, ки
тақво ва парҳезгориро пешаи худ қарор додааст, яъне дар
бандагии ӯ тарси Худованд ва дурӣ ҷӯстан аз гуноҳҳон дида мешавад ". Ё
худ дар ҷои дигар ишора дорад бар он ки:
"Ва
маҳкам бигиред ресмони Худоро, яъне дини Худоро бо қонуну қавоидаш, ки
бар шумо муайян намуда ва бо ҳам мухолифат накунед ва неъматеро, ки аз
ҷониби ӯ бар шумо дода шудааст ба ёд оваред, ки пеш аз инъоми ин неъмат
шумо бо ҳам дар ихтилоф қарор доштед, яъне пеш аз ислом ва баъд аз
ислом Худованд дар дили шумо меҳри бародарӣ ва баробариро қарор дод… ".
Инчунин паёмбари ислом (с) дар яке аз аҳодиси шарифи худ иршод фармуда
мегӯяд, ки: "Бештар чизе, ки сабаби дохил шудани ҷаннат бар мардум
мегардад, ин тарси Худо ва некрафтории онҳо мебошад".
Ислом динест, ки
тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониро дар бар гирифта, хусусан ҷанбаи ахлоқии
онро ба дараҷаи камол расонидааст, ки пайғамбар Муҳаммад (с) дар ин
бора мефармояд: "Фиристода шудам то дунёи ахлоқро ба камол расонам".
Пас бародарию баробарӣ дар ислом яке аз бузургтарин амрҳоест, ки шариат
ва қонуни исломӣ барои он мавқеъ ва мақоми хоссаеро интихоб намуда ва
иҷрои ин амрро аз тарафи пайравонаш ҳатмӣ ва лозимӣ донистааст. Ғайр аз
ин барои адо намудани бародарии исломӣ таълимотеро мавриди назар қарор
додааст, ки риояи он дар ин амр зарур мебошад. Барои мисол ҳангоми
барпо кардани бародарии исломӣ аввалин амре, ки аз мо талаб менамояд,
ихлос ва беғараз будани мо нисбати бародари дигар мебошад. Яъне
бародарӣ бояд холис барои Худо бошад ва дар он мақсаде ё ғаразе барои
нафъ ва манфиати шахсӣ дида нашавад. Ё бародарӣ барои молу дороӣ,
вазифаву мақом ва кӣ будани шахс набошад, зеро дар ғайри он шартҳои
иҷро шудани бародарии исломӣ дида намешавад, ки шариат ва қонуни исломӣ
ингуна ашхосро мазаммат намуда, бародарии онҳоро қабул надорад. Чун
мардуми шарифи тоҷики мо, ки исломро дини худ интихоб намудаанд ва
метавон гуфт, ки аксариятро онҳо ташкил медиҳанд, пас бояд аз ин амри
муҳими ислом дар канор набошад. Зеро дар ҷомеаи имрӯзаи мо, дар рафту
омад ва бародарии баъзе аз бародарони мусалмони мо чунин як рафтореро
дидан мумкин аст, ки дар он ғайр аз ғаразҳои шахсӣ ва ё ба даст
овардани чизе ё сӯистифода аз мансаб ва вазифаи бародарӣ дигар чизи
дигар ба назар намерасад, ки ин боиси ҷудоиҳо ва тафриқаандозиро дар
бародарии онҳо меафзояд ва аз ин ҳеҷ фоидае дар бародарии онҳо дида
намешавад, балки дар ояндаи наздик онҳоро ба душманӣ ва хусумат бурда
мерасонад. Мисоли оддӣ аст, бисёре аз шахсони мансабдору молдор ва
тоҷирҳоеро мебинем, ки ҳангоми дороӣ ва мақому манзалат доштанашон
гирду атрофи онҳоро нафарони зиёд ҳалқа бастаанду намегузоранд, ки касе
ба онҳо наздик шавад, аммо сад афсус, ки дунё ва моли он бар касе боқӣ
намондаву намемонад, баъди аз байн рафтани мақому манзалат ва аз байн
рафтани молу дороӣ, дигар касе суроғи вай намекунад, ҳатто наздикон ва
хешу ақрабои ӯ аз ӯ дурӣ меҷӯянд ва ҳама корҳои неки анҷомдодаи ӯ дар
ҳаққи дигарон фақат дар гӯшаи хаёлот боқӣ мемонаду гӯё коре нагузаштаву
ҳодисае рух надодааст. Ҳоло он ки дар ин намуди бародарӣ як намуди
хиёнаткорӣ дар аҳд ва бевафоӣ дар рафтор ва кирдор ҳам ба назар
мерасад. Пас бародарӣ
дар ислом чӣ маънӣ дорад ва бародарии исломӣ чигуна бояд анҷом дода
шавад, кӣ метавонад бародар шавад ва ғайраро мо дар таълимоти ислом
метавонем пурра аз бар намоем. Зеро Худованд бар ҳамаи мӯъминон амр
намуда мефармояд, ки: "Бешак мӯъминон бо мӯъминҳои дигар бародаранд,
пас ислоҳ кунед байни бародарҳоятон…". Ояти қуръонӣ баёнгари он аст, ки
дар дунё ҳар ки соҳиби имон аст бо якдигар бародар мебошанд, фарқе
надорад, ки аз кадом миллат аст ё аз кадом минтақа, пас агар чунин
бошад, чи гуна метавон дар ҳаққи як бародаре, ки бо ҳам дар як диёр
зиндагӣ ба сар мебарем ё бародаре, ки аз канори дигари ҷомеа бо мо дар
робита ҳаст чунин хиёнатҳоро раво бубинем. Бародарӣ ва рафту омади
бародарона бояд холис барои Худо бошад ва дар он ягон намуди ғарази
шахсӣ ё манфиати шахсӣ ҷой дода нашавад ва ҳар чи ки нисбати бародари
дигар анҷом медиҳад бояд мувофиқ бар аҳком ва қонуни
бародарии исломӣ бошад. Зеро бародарии дар роҳи Худоро мақому манзалати
волоест, ки осудагӣ ва осоиштагии дунё ва охират дар он таҷассум
гаштааст. Дар ҳадиси паёмбари ислом (с), ки рӯзи қиёмат ҳафт нафарро
Худованд аз гурӯҳи одамон дар зери сояи худ аз гармӣ ва сахтии он рӯз
эмин медорад, дар байни ин гурӯҳи одамон шахсонеанд, ки дар дунё бо
дигарон бародарӣ кардаанд дар роҳи Худо ва бародариро буридаанд дар
роҳи Худо. Ё дар ҳадиси дигар чунин омадааст, ки маҳбубтарин шахс аз ду
бародари исломӣ дар назди Худованд касест, ки ӯ бештар бародари
исломиашро дӯст дорад. Аз ибни Умар (рз) ривоят аст, ки расулуллоҳ (с)
фармуданд, ки "Мусулмон бародари мусулмон аст, на бар ӯ зулм мекунад ва
на ӯро ба душман таслим мекунад. Касе, ки дар дастгирии эҳтиёҷоти
бародараш бошад, Худованд дар рӯзи қиёмат дастгир ва дуркунандаи
эҳтиёҷҳои ӯ мебошад ва касе, ки як мушкилии бародарашро
дур мекунад дар дунё, Худованд дар охират мушкилии ӯро дур месозад ва
шахсе агар айберо аз бародараш пушонад ва онро бар мардум ифшо накунад,
Худованд дар рӯзи охират айберо аз ӯ мепушонад, яъне дар назди мардум
онро ошкор намекунад". Аз ривоёт ва иршодоти мазкур маълум мегардад, ки
дар бародарӣ ва рафту омади баъзе аз мо як намуди хиёнат ва зулм дида
мешавад, ғайр аз ин дар он заъфи имон ва бадсифатӣ дар мусулмонии мо
баён мегардад. Пас умеди он дорем, Худованд ин мушкилиро аз дили ҳар
бандаи худ дур намуда ва ҳар яки моро дар рафтору кирдор ва афкору
аъмол мухлиси худ бигардонад.
Ҳувайдои Абдулло, унвонҷӯи ДМТ |
barodar boyad ki mushkilaro pesh andokhti rohhoi halli onro
peshnihod kuni.......
va llohu valiu tawfiq
---