ДАР ҲАРАМ ЗОДУ КАЛИСОРО МУРИД - 1 Июня 2009 - Дневник - Ислам в таджикистане - Ислом дар Тоҷикистон
Чоршанбе, 10.03.2010, 05:01
Приветствую Вас Гость | RSS
Главная | Дневник | Регистрация | Вход
НАВОРҲОИ ОВОЗӢ НАВОРҲОИ ВИДЕО БАРНОМАҲО
Пароль:
RSS ТАМОС БО МО

САФҲАҲО

Хабарҳо

НАВОРҲО

Дар пойгоҳ

Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0

Главная » 2009 » Июнь » 1 » ДАР ҲАРАМ ЗОДУ КАЛИСОРО МУРИД
ДАР ҲАРАМ ЗОДУ КАЛИСОРО МУРИД
21:51


Ба ҷойи сарсухан

Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,
Ту гўӣ ду дурре зи як гавҳаранд.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,
На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой.
Ҳаким Фирдавсӣ


Муносибати давлат ва дин яке аз масъалаҳои
муҳими умури давлатдорӣ ба шумор меравад ва
аз замонҳои қадим таваҷҷўҳи сиёсатмадорон,
сиёсатшиносон ва коршиносони умури давлатдорӣ, ҷомеъашиносӣ ва диниро ба худ мекашад.
Агар ба таърихи башарӣ назар афканем, мебинем, ки яке аз омилҳои асосии суъуд ва суқути
қудратҳои ҷаҳон муносибаташон ба дин ва диндорон будааст. Сарварон ва сиёсатмадороне, ки
ин масъалаи муҳимро дар мадди назар гирифтанд, аз ин омили муҳими сарнавиштсоз барои
пешрафту суботи ҷомеъа ва бақои кишварашон
истифода бурдаанд ва баръакс, онҳое, ки онро
сарфи назар намуданду нисбаташ саҳлангорӣ
зоҳир карданд, оқибат ба нокомӣ ва нобудии худ
ва давлатҳояшон мувоҷеҳ гардидаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки замони шўравӣ
дастгоҳҳои абарқудрати давлатӣ ба муқобили
адёни мухталиф, ба вижа дини Ислом сахт мубориза мебурданд ва идеологияи бехудоӣ ва
мулҳидиро бар сари мардум таҳмил мекарданд
ва яке аз иллатҳои аслии шикасти ин давлати абарқудрат таълимоти «атеизми
ҷанговар» буд. Аммо аз рўйи мақоли русӣ:
«ҳеҷ бадӣ бе некӣ нест», дар он давра намегузоштанд, ки мубаллиғони динҳои Ғарбу Шарқ дар ин сарзамин фаъолияти тахрибкорона пеш баранд. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ташкили давлатҳои соҳибистиқлол марказҳои
хориҷии таблиғоти динҳои мухталиф рў ба ин ҷо
оварданд. Дар Тоҷикистон, ки бо иллати ҷангҳои
дохилӣ як навъ «тиҳигоҳи маънавӣ» ба вуҷуд
омада буд, марказҳои миссионерии хориҷӣ аз
сиёсати либералии дарҳои бози давлати Тоҷи-
кистон сўйистифода карда, барои пур кардани
ин тиҳигоҳ фаъолияти худро дар ин сарзамин
густариш доданд. Масъулони давлатӣ ва дас-
тандаркорони кишварамон исломситезӣ намуда,
ба хотири пешгирӣ аз рушди маърифати исломии мардум, дарвозаҳои ҷомеъаро ба рўйи мубаллиғони хориҷии дину мазҳабҳои гуногун кушоданд, то ки як қисми мардуми мусалмони кишвар ба дигар динҳо гароянд ва дар ҷомеъа ба
қавли эшон як навъ тавозуну эътидол ба вуҷуд
ояд, вале мутаассифона, бо амалӣ намудани ин
сиёсати нодуруст онҳо дар ҷомеъа асоси низоъҳои дину мазҳабро гузоштанд, ки самари
талхи онро чашидан доранд.
Инак, қариб ҳаждаҳ сол мешавад, ки дар То-
ҷикистон марказҳои миссионерии динҳои мухталиф, ба монанди баҳоия, зардуштия, насрония, пайравони Кришна ба таблиғи ғояҳо ва
афкори худ машғуланд. Дар ин бора донишмандон, пажўҳишгарон, коршиносон ва рўзноманигорони Тоҷикистон матолиби зиёде навишта, дар
бораи пайомадҳои ногувори ин падидаи иҷтимоӣ
бонги хатар заданд. Вале гўши суханшунав куҷо,
дидаи эътибор ку?

Юриши нави аҳли салиб

Марказҳои миссионерии хориҷии фирқаҳои
масеҳӣ (насронӣ) дар кишварамон аз ҷониби дастгоҳи абарқудрати калисоҳои Амрико, Ватикан,
Канада, Шветсия, Финландия ва дигар мамолики Ғарб бо маблағҳои ҳангуфт адабиёти сершумори динӣ, васоити таълимиву техникӣ ва дигар
маводи зарурӣ таъмин карда мешаванд ва яке
аз усулҳои босамару таъсирбахши миссионерони насронӣ ҳавасмандсозии моддист. Маълум аст, ки тайи даврони истиқлолият бо сабабу иллатҳои гуногун кишварамон ба бўҳрони амиқи
иқтисодӣ рўбарў гардид ва сатҳи зиндагии мар-
дум хеле поин рафт. Аз ин муфлисӣ ва нодорӣ
мубаллиғони хориҷӣ сўйистифода карда, ба мар-
дум маблағи нақд ва маводи ғизоӣ медиҳанд ва
ба ин васила теъдоде аз мусалмононро пайрави
дину мазҳабҳои хеш мегардонанд. Мубаллиғо-
ни масеҳӣ бештар дар Вахшонзамин фаъоланд,
зеро дар ҷойҳои ҷангзада, ки мардум бехонаву
дар, камбағалу мўҳтоҷанд, онҳоро ба осонӣ пай-
рави дини худ гардонидан мумкин аст. Дар ин
маврид овардани ҳадиси Паёмбари Ислом, ҳаз-
рати Муњаммад (с) ба маврид аст: “қашшоқӣ ба
куфр мебарад”. Миссионерон ҳадафҳои аслии
худро таҳти созмонҳои хайрия матраҳ месозанд.
Кормандони ин созмонҳо дар шаҳру деҳоти аз
ҷанг харобгардида бо пўшонидани хонаҳо, тақсими масолеҳи бинокорӣ, аз қабили чўбу тахта, шифру тунука, сафолаки рўйи бом, маводи ғизоӣ
мардуми камбизоъатро ба динҳо ва мазҳабҳои
худ мегаравонанд. Мубаллиғони хориҷӣ дар
вилояти Суғд шароит ва заминаи мусоиди таблиғотӣ пайдо кардаанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов, Ғафурову Қайроқум,
Табошару Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент
тарғиботи густурдае пеш мебаранду сафи масеҳиёнро бо тарзҳои гуногун аз ҳисоби сокинони таҳҷоӣ зиёд мегардонанд. Онҳо то ба дараҷае
рўирост ва густохона амал мекунанд, ки кас дар
ҳайрат мемонад. Моҳи майи соли 1999 таблиғга-
рони яке аз фирқаҳои насронӣ ба таври рўшод
беш аз 200 нафар мардуми шаҳри Чкаловро дар
дарёи Сир ғусли таъмид доданд. Тасаввур кунед, ин ҳодиса дар кишваре рўй медиҳад, ки наваду ҳафт дар сади аҳолии онро мусалмонон
ташкил медиҳанд.
Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ аз мадди назари миссионерони масеҳӣ дур намондаанд. Онҳо
дар шаҳрҳои Кофарниҳону Роғун, Турсунзодаву
Ҳисор калисоҳои насронӣ таъсис додаанд, ки
аксар рўҳониёни онҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллист. Имрўзҳо мубаллиғон ба водии Қаротегин,
ки дар ин минтақа аз қадимулайём дини мубини
Ислом нуфузи калон дорад, чашм дўхтаанд.
Онҳо дар талоши он ҳастанд, ки дар байни мардуми ин водӣ низ таълимоти дини масеҳиро таблиғ кунанд.
Бояд гуфт, ки сафи насрониён ва пайравони
дигар динҳои ғайриисломӣ аз ҳисоби собиқ мусалмонон дар кишварамон торафт меафзояд.
Тибқи маълумоти расмии собиқ Кумитаи дини
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду
ҳазор нафар мусалмон ба динҳои дигар рў овардаанд. Ба назари мо ин маълумоти дар матбуъот дарҷшуда теъдоди навгаравидагонро ба динҳои ғайриисломӣ хеле кам карда нишон медиҳад. Мувофиқи таҳқиқоти баъзе коршиносони
мустақил теъдоди мусалмонони ба дигар динҳо
гаравида хеле зиёд буда, аз 70 то 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Ба андешаи ин ҷониб, ниҳодҳои салоҳиятдор
ва зидахли ҷумҳурӣ бояд фаъолияти ин марка-
зҳои миссионерӣ ва калисоҳоро зери назорати
сахт бигиранд. Мутаассифона, дарвозаи ҷомеъаи
кишварамон ба рўйи ҳама гуна мубаллиғони хориҷии динҳои ғайриисломӣ боз аст. Тоҷикистон
дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ
ягона кишварест, ки дар он мубаллиғони хориҷии
динӣ иҷозаи фаъолият дода шудааст.
Бино ба маълумоти собиқ Кумитаи оид ба ко-
рҳои дини назди Ҳукумати ҶТ (алҳол ин ниҳод
чун Сарраёсати оид ба корҳои дин ба Вазорати
фарҳанги ҶТ тобеъ карда шудааст) дар кишвар аз соли 1993 то имрўз 86 ва дар шаҳри
Душанбе 36 созмони динии ғайриисломӣ номнавис шуда, ба фаъолият машғуланд. Аз ҷумла
танҳо аз фирқаҳои насронӣ чунин созмону марказҳои таблиғотӣ ба қайд гирифта шудаанд:
Маркази миссионерии «Сонмин», калисои
насрониёни инҷилгарои боптистии «Наҷот»
(«Спасение»), калисоҳои римӣ - католикӣ, калисои православии русӣ, Иттиҳодияи ҷумҳуриявии насрониёни инҷилгаро (ЕХБ), миссияи «Лигаи библиёвӣ» (“Библейская лига”),
миссияи “Умед” (“Надежда”), калисои “Баракат” (“Благодать”), калисои насронии инҷилгарои “Маҳфили диндорон” (“Собрание верующих”), калисои байналмилалии созмони
“Шоҳидони Яҳво” (“Свидителей Иеговы”), калисоҳои “Лиахана”, “Адветиёни рўзи ҳафт”,
“Хонаи Худо” (“Божий дом”), калисои лютеранӣ, калисои насрониёни боптистии инҷилгарои “Хушхабар”, миссияи “Нур ба ҷаҳон”
(Свет миру”), “Каломи дин” (“Слово веры”),
“Ҷамъияти библиявӣ” (“Библейская общество”), “Калисои Масеҳ”-и шаҳри Душанбе
(Душанбинская “Церковь Христа”), калисоҳои
“Эҳё”, “Каломи дин” (“Слово веры”), “Дарёи
ҳаёт” (“Река жизни”), Маркази таблиғотии насронии “Ҳаёти фаровон” (“Жизнь с избитком”), калисоҳои “Намаки замин”
(Соль земли”), Иттиҳодияи насрониёни
инҷилгарои Тоҷикистон (ЕХ РТ) , Маркази таблиғотии «Оби ҳаёт», “Ҳаёти нав” (Новая
жизнь), Маркази таблиғотии куриёгии насронии “ЫНХЕ”, миссияи насронии “Компас”, калисои ҳавориёни навин (“Новоапостольская
церковь”), калисои насрониёни боптисти инҷилгаро ва ҷамъияти насрониёни боптисти
инҷилгаро (Союз ЕХБ) ва ғайра.
Ин аст номгўйи нотамоми созмонҳо, калисоҳо,
марказҳои миссионерии мазҳабҳои мухталифи
насрониёни номнависшуда дар Тоҷикистон. Ба
ғайр аз ин боз даҳҳо фирқаҳои насронӣ ва дигар
динҳои ғайриисломӣ ба таври ғайрирасмӣ ва пинҳонӣ дар ин кишвар амал мекунанд ва дар пайи
истихдом ва ба дом афкандани мусалмонони
кишварамон мебошанд. Аз ин рў, бояд пеши
фаъолияти ғайриқонунӣ ва тахрибкоронаи онҳо
гирифта шавад.
Бояд гуфт, ки дар масъалаи ба динҳои ғайриисломӣ, хусусан ба насроният рўй овардани мардуми Тоҷикистон ҷамоъаҳои диниву сиёсии мусалмонон, рўҳониёни бонуфуз, пешвоёни мазҳабу тариқат — эшонҳову хоҷаҳо низ сабабгоранд.
Зеро мушоҳидаҳои чандсола гувоҳӣ медиҳад, ки
онҳо нисбати мардуми камбағалу нодор ва ятим
бепарвоянд. Онҳо ба ҳавою ҳаваси дунёӣ дода
шудаанд ва рисолати шаръии худ ва ҳадиси набавӣ: ”ҳамаи мўъминон бародари ҳамдигаранд”-ро аз хотир баровардаанд. Бисёр муллоёни маъруф, эшонҳову тўраҳо ба гирдоварии назру ниёзи муридону ихлосмандон машғул буда,
парвои мўҳтоҷону бекасон ва ятимони бесаробон надоранд. Аз ин бетафовутӣ ва бепарвоии
онҳо истифода бурда, миссионерони ғайриисломӣ маҳз ба табақаи камбизоъати мардум, маъюбону ятимон ва бечорагон дасти кўмак дароз
намуда, ба ин васила онҳоро пайрави дину ойини худ мегардонанд. Масалан, созмонҳои байналмилалии “Каритас” ва “Шилтер нау интер-
нешнл” ва ғайра, ки аслан аз ҷониби ҷамъиятҳои хайрияи калисоҳои насронии католикӣ ва
боптистии мамолики Ғарб таъсис ёфтаанд, чи дар
давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва чи баъдиҷангӣ дар
водии Вахш ба барқарор кардани хонаҳои сўхтаву вайроншудаи фирориён, расонидани кўмакҳои
башардўстона ба мардуми камбизоъату бечора
машғуланд. Дар ин ҷо саволе пайдо мегардад,
ки чаро ба кори барқароркунии мавзеъҳои ҷангзада, расонидани ёриҳои башардўстона
созмонҳои хайрияи мамолики исломӣ машғул намегарданд?

Созмон
ҳои хайрияи
исломӣ куҷоянд?

Созмонҳои хайрияи мамолики исломӣ, бахусус давлатҳои арабро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарси пурқувват гардидани таъсири
ислом ба мардум, вуруди ба истилоҳ “бунёдгароиву тундравӣ” иҷоза намедиҳад. Ҳарчанд
Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон аз
минбарҳои баланд аз дини мубини Ислом ҳимоят мекунад ва соли 2009-ро соли бузургдошти
Имоми Аъзам эълон доштааст ва ҳамеша изҳор
медорад, ки дини мубини Ислом ба даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ ҳеҷ иртиботе надорад ва Тоҷикистон чун узви созмони Конфронси Исломӣ
пазируфта шудааст, вале мутаассифона, то ба
ҳол дар ин росто ягон кори мусбати чашмрасе
амалӣ нагардидааст. Танҳо аз байни ташкилотҳои хайрияи мамолики исломӣ Кумитаи имдоди Хумайнии ҶИ Эрон ба кори хайрия машғул
асту бас. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби нависандаи китоби “Чаро аз Ислом рў гардондӣ?” аст,
ки гуфтааст:
«Ин ки мо нафаронро сарзаниш мекунем,
ки чаро дини Ҳақро канор гузошта ва ба динҳои дигар чанг задед, оё иллаташ ин нест, ки
мо худамон дар таблиғи дини Ҳақ кўтоҳӣ кардем ва майдонро барои дигарон холӣ гузоштем...? Агар имрўз пайравони дигар динҳо аз
фақре, ки домангири мардуми мо шудааст,
сўистифода карда ва бо таъмини баъзе аз
фақирон, ҳамзамон динашонро ҳам мехаранд
ва бо таъсиси марказҳои хайрия ва имдод
динашонро тарғиб менамоянд, чаро мо ин
корро дар сарзамини худамон анҷом надиҳем? Чаро мо марказҳои хайрияи исломӣ таъсис накунем? Дар дини мубини Ислом ин
қадар ба фақирону мўҳтоҷон тавсия шудааст,
ки дар ҳеҷ дине монанди он дида намешавад,
вале мо ва шумо аз худ сустӣ нишон медиҳем, суроғи мискинҳо намеравем. Шояд баҳона битарошем, ки аҳволи худамон бадтар
аст, вале ин баҳона ба кор намеравад. Агар
мо миқдори каме аз даромадҳои масҷидҳоро
барои кўмак ба камбағалон бидиҳем, дасти
онҳо ба сўи бегонагон дароз намешавад “.
Оре, ин суханон айни ҳақиқатанд ва ҳар як
нафар фарди мусалмони ҷомеъаи Тоҷикистонро ба андеша водор месозанд.  

Хатар ба амнияти миллӣ

Бояд таъкид кард, ки фаъолияти баъзе аз марказҳои таблиғотии динии Ғарбу Шарқ ба амнияти
миллии кишварамон таҳдид мекунанд. Аз ҷумла
хадамоти ҷосусии давлатҳои хориҷӣ баъзе марказҳои таблиғотии чунин динҳоро чун паноҳгоҳ
истифода бурда, дар Тоҷикистон шабакаи ҷосусиро густариш медиҳанд, ки дар оянда метавонад барои давлати миллии тоҷикон хатари калон ба бор биёрад. Масалан, мубаллиғи канадагии мазҳаби боптистии дини насронӣ Дирек Норман,
ки дар боло аз фаъолияташ ёдовар шудем, ба
умури ҷосусӣ даст зад, ки оқибат аз ҷониби кормандони Вазорати амнияти ҷумҳурӣ фош гардида, аз Тоҷикистон ронда шуд. Дар ин бора собиқ
муъовини вазири амнияти ҷумҳурӣ, генерал-майёр Баҳодур Абдуллоев зимни мусоҳиба ба хабарнигор таҳти унвони “Ҷосусони “башардўст””
чунин маълумот додааст: «Собиқ корманди созмони байналмилалии «Шилтер нау интернешнл», шаҳрванди Канада, ҷаноби Дирек
Норман Чисперсен дар ноҳияи Ғарм ва Кофарниҳон барномаи барқароркунии иқтисодиёт ва биноҳои истиқоматиро, ки дар рафти
ҷанг зарар дидаанд, амалӣ менамуд. Номбурда ҳарчанд мўҳлати хидматаш ба поён расид,
тарки Тоҷикистон накард. Ҳарчанд ташкилотҳои дахлдори кишварамон ўро огоњ намуданд, гўш ба карӣ мезад, бо ҳар баҳона истодан мехост ва ба ноҳияи Ғарм сафар карда,
маълумоти дорои хусусиятҳои низомию
сиёсӣ ҷамъ меовард. Барои санҷиш обу хоки
баъзе маҳалро бурдан мехост, ки хилофи
қонун аст. Ниҳоят аз ҷаноби Дирек Чисперсен талаб кардем, ки хоки Тоҷикистонро тарк
намояд» (ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№1, но-
ябри соли 1996).
Муъовини раиси собиқ Кумитаи дини назди
Ҳукумати ҶТ бар ин бовар аст, ки «бештари созмонҳои динии ғайриисломӣ дар кишвар мумкин аст, вазифаи разведкаро низ ба анҷом расонанд, аз сабаби он ки онҳо кори дохилии
созмонҳои диниро тафтиш карда наметавонанд, ин асрор барои ҳам мардум ва ҳам ҳукумат норўшан мемонад» (Ниг. Каюмарси Ато.
Стоп! Разведка. «Наҷот», 16 июни соли 2005,
№24 (325), сањ. 8).
Чунин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки
бисёр мубаллиғони динҳои ғайриисломӣ аслан
кормандони хадамоти иктишофии мамолики
хориҷӣ буда, дар либоси рўҳоният ба ин ҷо омада, ба ҷосусӣ ва дигар аъмоли ғайриқонунӣ машғул мегарданд. Пеши фаъолияти чунин рўҳониёни ҷосусро ҳатман гирифтан зарур аст, вале
саволе ба миён меояд, ки оё барои ҷомаи амал
пўшонидани ин кор кадрҳои болаёқат ва варзидаи соҳаи контрразведкаро тарбия карда ба камол расондаем? Ин саволест, ки посухи худро
мехоҳад.

Шайтонпарастӣ авҷ мегирад

Муаллифи ин сатрҳо соли 1998 дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бори аввал дар
ин мавзўъ таҳти унвони «Тоҷикон салиб мекашанд» мақола ба нашр расонида ва дар қатори
дигар масъалаҳои муҳим дар бораи фирқаҳои
шайтонпарастӣ чунин гуфта будам:
«Фирқаи дигаре, ки дар Русияву Украина,
Қазоқистону Қирғизистон амал мекунад, шайтонпарастонанд. Пайравони «Калисои шайтонпарастон» (Сатаническая церковь) барои иҷрои расму ойини шуму даҳшатангези ҷодуи сиёҳ- «Магияи сиёҳ» кўдаконро дуздида қурбонӣ мекунанд
ва ба сеҳру ҷоду машғул мешаванд. Чунин фирқаҳои навбаромаду одамхор дар дунё хеле зиёд
шудаанд. Шояд ин фирқаҳои аҳриманӣ аллакай
дар Тоҷикистони мо низ пинҳонӣ маҳфилҳои худро гардон карда бошанд? Ҳодисаҳои гум шудани кўдакон, хуношомӣ (вампиризм) ва хўрдани
гўшти инсон (каннибализм) дар ноҳияҳои Колхозободу Қубодиён, шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе,
ки дар ин бора дар матбуъоти даврӣ матолиб
дарҷ гардидаанд, оё ба фаъолияти чунин фирқаҳои ҷадиди шайтонӣ робита надоранд?
Муҳаққиқи ҷомеъашинос В. Зайченко дар мақолааш нашрияи «Мизон», (1998, рақами 3), қайд
кардааст, ки ҳанўз аз соли 1993 ин ҷониб дар
Тоҷикистон фирқаи шайтонпараст «Белое братство» амал мекунад. Оё дастгоҳҳои зидахли
ҷумҳурӣ ва аҳли ҷомеъаи Тоҷикистон аз фаъолияти ин фирқаҳои навбаромад огаҳӣ доранд?»
Сипас ин қазияи муҳимро боз чанд бори дигар дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ дар мақолаҳои «Дар паси торҳои анкабут», «Дар шинохти фирқаҳои ғайриисломӣ дар Тоҷикистон», «Чун мусалмон зоду дар бутхона мурд»
дар маҷаллаи «Сафинаи умед», ҳафтаномаҳои
«Наҷот» ва «Нигоҳ» ба миён гузошта будам,
вале, мутаасифона, аз масъулон ва дастандаркорони ин соҳа сару садое баланд нагардид. Онҳо муддати даҳ сол гўш ба карӣ
заданд, то ки яку якбора ду мақола дар як
рўз дар ду ҳафтаномаи кишварамон:
«Нигоҳ» ва «СССР» дар бораи фаъолияти фирқаҳои шайтонпарастӣ ва ҷиноятҳои мудҳиши
онҳо дар Душанбеву ноҳияи Восеъ чун ғуриши
тундар дар осмони беабр ба табъ расиданд.
Ҳарамгули Қодир дар мақолаи худ «Аз як
хона-интернати Душанбе садои «Сатана наш
бог» ба гўш мерасад», дар ҳафтаномаи «Нигоҳ»
дар бораи яке аз чунин фирқаҳои шайтонпараст
маълумоти муфассале додааст, ки хонанда пас
аз мутолиъаи ин мақола дар ҳайрат ва даҳшат
меафтад, ки чӣ гуна дар пойтахти ҷумҳурӣ ин
фирқаҳои тахрибкор ба фаъолият машғул ҳастанд. Магар мақомоти амниятӣ ва зидахли кишвар фаъолияти ин созмонҳоро таҳти назорат намегиранд? Наход то ҳамин дараҷа давлати мо
бедару дарвоза шуда бошад, ки ҳатто шайтонпарастон омада, дар Вазорати адлияи ҶТ номнавис мешаванд ва бо хотири ҷамъ ба кори ифлос ва ҷиноии худ даст мезананд ва касеро парвое нест. Дар мақола фаъолияти ғайриқонунии
ташкилоти байналмилалии «Международное
Добрососедство», ки сарвари он шаҳрванди
Корея Ли Бюнченг мебошад, мавриди баррасӣ
қарор дода шудааст.
Дар мақолаи Сўҳробшоҳи Фаррухшоҳ – «Бомба барои миллат» гуфта мешавад: «Авохири
моҳи сентябр дар ноҳияи Восеъ кушторе рух
дод, ки назираш ҳанўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қайд нашуда буд. Бино ба гуфтаи
муовини прокурори ноҳияи Восеъ Ҳокимшоҳ
Сулаймонов: «26 сентябри соли 2008 милодӣ
шаҳрванди шаҳри Душанбе, навраси сездаҳсола Раҳмоналии Нуралӣ, ки тибқи қавонини
ҷории Тоҷикистон ҳамчун шахси ноболиғ
ҳисобида мешавад, аз ҷониби ду тан аз наврасони шаҳраки Восеъ Шодмони Шарифзод
ва Азиз Нуралӣ бо бераҳмии махсус ба қатл
расонида шудааст…» (Ниг. ҳафтаномаи
«СССР», № 9, 6.11.08).
Сипас ў қайд мекунад, ки куштори ин ноболиғ дар Восеъ нишонаҳое монанди аъмоли сектаҳои иблисии русиро дорад. Мутобиқ ба омори
пешниҳодкардаи Маркази ҳуқуқдифоъи «Сова»-и Русия шумораи осебдидагон аз ҳамлаи афроди ҳомили сектаҳои мухталиф ё ба истилоҳи
дигар сектантҳо – шайтонпарастон дар соли 2007 314 нафарро ташкил мекунад ва шумораи кушташудагон 34 нафар дақиқан муайян шудааст.
Дар шаш моҳи соли 2008 ҳамин шайтонпарастҳо
дар Русия 24 нафарро ба қатл расонидаанд. Мо
аз шарҳи чӣ гуна ба ҳалокат расидани ин
ашхоси бегуноҳ дар ин мақола ба хотири
рекламаи сатанизм худдорӣ мекунем, зеро ин
фирқаҳои шайтонӣ тибқи таълимоти ойини худ
аъмолеро ба унвони мисол, қатли шахси бегуноҳро ҳамчун қурбонӣ (жертвоприношение) ба
ҷо меоранд, ки дар бештари маврид қалам дар
тасвири ин манзара оҷиз аст.
Шайтонпарастонро дар рўйи ҷаҳон беш аз панҷ
миллион нафар тахмин мезананд. Акнун ин фирқаҳои шайтонпараст ба дараҷае қудратманду
тавоно шудаанд, ки вориди ҷомеъаҳои суннатии
мусалмонӣ шудаанд ва инро дар мисоли Тоҷикистон бармало мушоҳида кардан мумкин аст,
ки пайомади басо ногувор дорад. Ба андешаи
ин ҷониб кайҳо вақти он расидааст, ки чун дар
дигар кишварҳо дар Кодекси ҷиноятии ҶТ мафҳуми «ҷиноятҳои маросимӣ» («ритуальное преступление») ё «куштори (қатли) маросимӣ»
(«ритуальное убийство»)-ро ворид созем, зеро
чунин аъмоли ҷиноиро дар қолиби ҷиноятҳои
муқаррарӣ мавриди баррасӣ қарор додан ва ҷазо
таъйин кардан, ғайримумкин аст.

Таҳдид ба суботи ҷомеъа

Бояд гуфт, ки фаъолияти маркази табширии
динҳои ғайриисломӣ ба ваҳдат ва якпорчагии
мардуми мусалмони Тоҷикистон латма ворид
месозад. Бо пазируфтани дину мазҳаб ва фирқаҳои ғайриисломӣ дар байни мардуми мусалмони кишвар, ҳатто дар байни аъзои як хонавода зиддият ва тафриқа ба вуҷуд меояд, падару
модарон бо фарзандон, бародарону хоҳарон бо
ҳамдигар носоз гардида, оқибат кор ба ҷудоӣ ва
қатъи муносиботи хешутаборӣ мекашад. Дар ин
бора чандин номаҳои сокинони кишварамон дар
матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Солҳои ахир
ҳодисаҳои нохуше дар заминаи гаравидан ба
дину ойини бегона дар ҷомеъаи Тоҷикистон рўй
додааст, ки аз пайомадҳои бад ва ногувори он
дарак медиҳад. Аз ҷумла 30 ноябри соли 2005
дар шаҳри Панҷакент корманди яке аз созмонҳои
таблиғотии насронӣ ногаҳон вафот кард. Азбаски он зан аз дини Ислом рўй гардонида, ойини
масеҳиро пазируфта буд, имом–хатиби масҷиди шаҳр ўро бо расми мусалмонӣ ҷаноза нахонд.
Масеҳиён ҷамъ омада, маросими ҷанозаи вайро
тибқи ойини худ гузарониданд ва дар қабристони русҳо ба хок супориданд. Ин ҳодиса дар байни сокинони ин шаҳр вокунишҳои мухталиф ба
вуҷуд овард ва то ба ҳол хешу таборони он зан
аз имом – хатиби масҷиди шаҳр домангиранд
ва аз болояш ба мақомоти болоӣ шикоятҳо навиштанд, ки гўё ў бо ин амали худ онҳоро таҳқиру бадном кардааст. Ҳол он ки вай дар ин масъала ягон қонуншикание накардааст ва ў рўҳонии мусалмон аст ва танҳо маросими мазҳабии
пайравони дини мубини Исломро ба ҷо меорад.
Чунин ҳодисаҳо дар шаҳрҳои Қўрғонтеппа ва
Душанбе низ рух доданд. Фаъолияти рўзафзуни мубаллиғони динҳои ғайриисломӣ ин равандро метезонад ва боиси халалдор шудани ваҳдат ва ягонагии мардуми мусалмони Тоҷикистон мегардад.

Чаро тасвиби Қонуни нави дин
ба дарозо мекашад?

Алҳол дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дин
ва ташкилотҳои динӣ» амал мекунад, вале он
ҷавобгўйи ниёзи ҷомеъаи кишвар нест. Соли
чаҳорум аст, ки дар Тоҷикистон мутахассисони
ҳуқуқ тарҳи нави қонуни мазкурро таҳия месозанд ва онро бояд парлумони ин кишвар ба тасвиб расонад.
Бояд гуфт, ки аввалин лоиҳаи расмии Қонун
«Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои
динӣ» аз ҷониби ҲНИТ барои баррасӣ дар матбуъот ба нашр расид ва ба Парлумони кишвар
пешниҳод гардид ва тибқи гуфтаи коршиносони
мустақил назар ба лоиҳаи баъдан таҳиянамудаи Ҳукумати ҶТ, ки ба Маҷлиси намояндагон
ироа гардидааст, беҳтару комилтар аст. Мутаассифона, вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии ҶТ саҳлангорӣ намуда, корро ба
дарозо мекашанд. Оё ин саҳлангории вакилон
ва масъулон ба фоидаи давлат ва ҷомеъаи кишварамон аст?
Дар қонуни мазкур беҳтар аст ба таври возеҳу рўшан мавориди пешгиронае ҷой дода шавад, ки аз густариши фаъолиятҳои фирқаҳои
динии ғайрисуннатӣ ва харобкор монеъ гардад.
Низоъҳои диниву мазҳабӣ чист ва онро қудратхоҳон ва душманон дар ҳолатҳои зарурӣ чӣ гуна
моҳирона ба кор мегиранд, асрҳо боз воқеъияти
бебаҳс аст ва мисоли рўшани он қазияи ногувори кишвари Лубнон аст. Вале бо тааасуф гуфтан лозим аст, ки қонуни ҷории «Дар бораи дин
ва ташкилотҳои динӣ» барои фаъолияти мубаллиғони хориҷии динҳои ғайриисломӣ роҳи
васеъ кушодааст. Масалан, барои ба қайд гирифтан ва кушодани як масҷиди ҷомеъ аз мусалмонон 15 ҳазор имзо ва барои динҳои ғайриисломӣ ҳамагӣ 10 -15 имзо талаб карда мешавад. Ин аст баробарии дину мазҳабҳо дар кишвари ҳуқуқбунёди демократии дунявии мо.
Миқдори навгаравидагон ба динҳои ғайр аз
ҳисоби мусалмонон бар асари беш аз пеш пурзўр
гардидани фаъолияти марказҳои таблиғотии динҳои ғайриисломӣ афзудан дорад ва боиси нигаронии ҳар як фарди солимфикри ҷомеъа аст.
Дар ин маврид раиси ҲНИТ, номзади улуми сиёсатшиносӣ Муҳиддин Кабирӣ, чунин мефармояд:
«Аз нигоҳи банда кишварҳои Осиёи Марказӣ
дар ояндаи наздик дарк хоҳанд кард, ки густариши босуръати динҳои ғайримаъмулӣ дар минтақа ба амнияти миллии ин давлатҳо таҳдид
хоҳад кард. Садоҳои пароканда ва эҳтиёткоронаи баъзе муҳаққиқон ва олимони барҷаста,
мисли академик Муҳаммадҷони Шакурӣ атрофии «гуногунандешии динӣ» ношунида мондаанд.
Банда метарсам, вақте сари ин масъала бармегардем, ки Тоҷикистон ба Ирландияи Шимолӣ
ё Покистон табдил ёфтааст, ки фарзандони
як минтақа ва ҳамзабонон дар заминаи ихтилофоти мазҳабӣ бо ҳам даст ба гиребонанд. Банда ҷонибдори воқеъии гуногунандешии динӣ мебошам, вале бо дарназардошти амният ва манофеъи миллии Тоҷикистон ман мутмаъин ҳастам, ки агар ҳама қишрҳои ҷомеъаи Тоҷикистон битавонанд, ки атрофи нақш ва вазифаҳои
Ислом дар марҳалаи ояндаи инкишофи ватанамон ҳамфикр шаванд, мо аз бисёр мушкилот озод гашта, зудтар ба таъсиси як ҷомеъаи
мутараққӣ мерасидем» (Ниг. Танқидпазирӣ ва
худтанқидкунӣ нишонаи тавоноист; ҳардуро олами Ислом гум кардааст /Наҷот/, 21 03. 2003,
№12.- саҳ. 2).

Ба ҷойи хулоса

Дар ҳарам зоду калисоро мурид,
Пардаи номуси моро бардарид.

Пас чӣ бояд кард? Ба ин саволи муҳим аллома Иқболи Лоҳурӣ посухи хеле хуб ва дақиқе
гуфтааст, ки ин аст:
Эй зи афсуни фарангӣ бехабар,
Фитнаҳо дар остини ў нигар.
Аз фиреби ў агар хоҳӣ амон,
Уштуронашро зи ҳавзи худ бирон. 

Категория: ҶОМЕА | Просмотров: 149 | Добавил: tojikislom | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавление комментария




 

Навигари дар пойгоҳ

КАЛЕНДАРЬ

«  Июнь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
 

Назарсанҷӣ

Оё медони, ки дарозтарин ояти Қуръон кадом аст?

Всего ответов: 63