
Сабаби
ба Тоҷикистон омадану ин диёри дур аз Русияро макони зист интихоб
кардани ман, аввалан ин вобаста ба мусулмон шудани ман аст, баъдан як
меҳри худододест нисбат ба ин хоку ин диёр, ки Худованди мутаъол дар
дили ман онро ҷой додааст ва он ҳеҷ гоҳ аз дилам зудуда нахоҳад шуд.
Ман намедонам аз чй аст ки ба ин диёр ва ба ин мардум меҳри беандоза
пайдо кардаам. Агар то охири умр ба Русия наравам ҳам, парвое надорам.
-Кори Сирочиддин тавре ба аз якуним даҳсола мешавад, ки мардуми тоҷик бахусус
ҷавонон мунтазам ба Русия сафар мекунанд ва пешрафти зиндагии мардум аз
ҳисоби ҳамон маблағҳое, ки аз Русия интиқол меёбанд аст. Бархе аз
ҷавонон ба таври доимй Русияро Ватани дуввум интихоб ва шаҳрвандии ии
кишварро қабул кардаанд. Дар чунин шароит чи боис гардид, Шумо - як
шаҳрванди Русия баръакс ба Тоҷикистон биёед ва Тоҷикистонро ватан
ихтиёр намоед?
- Ба номи
Худованди бахшояндаи меҳрубон. Сабаби ба Тоҷикистон омадану ин диёри
дур аз Русияро макони зист интихоб кардани ман, аввалан ин вобаста ба
мусулмон шудани ман аст, баъдан як меҳри худододест нисбат ба ин хоку
ин диёр, ки Худованди мутаъол дар дили ман онро ҷой додааст ва он ҳеҷ
гоҳ аз дилам зудуда нахоҳад шуд. Ман намедонам аз чй аст ки ба ин диёр
ва ба ин мардум мехри беандоза пайдо кардаам. Агар то охири умр ба
Русия наравам ҳам, парвое надорам.
- Шумо чи гунз исломро қабул кардед? Оё ягон ҳодиса ва ё коре ба ин сабаб шуд?
- Охири солҳои навадум ҳангоме, ки ман
13 сола будам, волидайнам яке аз хуҷраҳои хонаи моро дар шаҳри
Магнитогорск барои иҷора ба як ҷавони тоҷик супурданд. Номаш Аҳё буд.
Як вақт ман ба утоқи ӯ даромадам, то чизеро зз вай пурсон шавам. Ӯ он
лаҳза болои чойнамоз намоз мегузошт. Аз вай чизеро пурсон шудам, вале ӯ
то анҷоми намоз ба ман ҷавоб надод. Баъд ман чандин бор ӯро ҳангоми на
моз хонданаш тамошо мекардам. Боре аз ӯ пурсидам, ки дини ислом чист ва
мусулмон чи гуна бояд бошад? Ӯ дар ҷавоб ба ман гуфт: Мусулмон
бояд ба Худованд имони комил дошта бошад, дурӯғ нагӯяд, зино накунад,
тамоми чизҳои мадҳушкунандаро истеъмол нанамояд, касеро фиреб надиҳад,
он чизеро ки барои худ намеписандад, барои дигарон написандад, намоз
бихонад, пои бо таҳорат гардад ва ғайра... Ӯ кӯтоҳакак дар бораи
мусулмон маълумот дод, ки ростӣ хеле мутаасир шудам. Ман акнун худ ба
худ хислату атвори хамсину хамсолони худ, мардуми гирду атроф ва умуман
ҷамъияти шаҳрамонро дар чахобчубаи суханони Ахё, ки барои марди
мусулмон гуфта буд, месанҷидам. Фарқиятро аз замин то ба осмон медидам.
Он рӯзҳо ман дар дил ҳис кардам, ки як қуввае маро барои ба ислом рӯ
овардан ҷалб менамояд. Меҳру хоҳишам нисбат ба ислому Қуръон рӯз ба рӯз
зиёд мешуд. Як рӯз тоқат накарда, ба Аҳё гуфтам: Оё ман метавонам
мусулмон шавам? Ӯ гуфт; бале метавонӣ, ба шарти он ки ба ғайр аз имон
овардану намозхон шуданат боз хатна низ намоӣ. Ман гуфтам, ки сад дар
сад розиям. То ҳол дар ёд дорам, яқе аз шабҳои моҳҳои октябр ва ё
ноябри соли 1999 дар сини 13 солаги ман дар назди Аҳё ва дар шоҳидии
Худованд калимаи шаҳодатро ба забон овардам ва мусулмон шудам. Дар дили
худ қасд кардам, ки тамоми қонунҳои шариати исломиро ба ҷо меорам.
Чанде нагузашта намозхон шудам. Баъдтар бо бачаҳои тоҷик намозҳоро дар
масҷиди шаҳрамон мехондам. Сураҳоро аз ҷавонони тоҷик аз ёд мекардам.
- Нохост
мусулмон гардидани навраси 13 солае дар дили Русия ва ба парастидани
дини ғайри насронӣ оғоз кардану риоя намудани қавонини шариати исломӣ
барои волидайн, хешу ақрабо ва атрофиён чӣ таъсире гузошт?
- Пеш аз
ҳама падару модарам ба ин амали ман муқобилияти сахт нишон дода, маро
аз ин роҳ баргардониданӣ мешуданд. Ҳар ду ба ғазаб омада, "моро
шарманда кардӣ"- мегуфтанд. Модарам мегирист, падарам мегуфт, ки агар
ту мусулмон шавӣ, ман дигар падари ту нестам. Ҳам синфонам дар мактаб
ва кӯча маро хоин мегуфтанд. Ман ангуштшумори мардум шуда будам. Дар
ҳама ҷо бо ангӯшт ба сӯи ман ишора карда, "вай исломро қабул кардааст"
- мегуфтанд. Аммо ман ба ҳамаи суханони онҳо оромона муносибат мекардам
ва ба кори худ машғул будам. Намозҳоямро мехондам ва аз Қуръон сура
азёд мекардам.
- Дар атрофи
Русия давлатҳои мусулмоннишин зиёданд. Дар худи ҳудуди Русия ҷумҳуриҳои
мухтори мусулмоннишин кам нестанд. Чаро шумо ба ягон давлат аз ин зумра
нарафта, маҳз Тоҷикистонро интихоб кардед?
- Дар шаҳри
Магнитогорск намояндагони тамоми миллатҳо кору зиндаги мекунанд. Ба
мисли афғонҳо, чеченҳо, ниҳо, тоҷикхо ва гайра… Вакте ки як гурӯҳ
афғонҳо мани 13 солаи русзабони мусулмонгаштаро диданд ва бо ман ошноӣ
пайдо карданд, ба ман таклиф карданд, ки биё, мо туро ба назди
Аҳмадшоҳи Масъуд бибарем. Ӯ чанд ҳозирбоши рус дорад ва туро хуб ба воя
мерасонад. Як гурӯҳи дигаре аз чеченҳо хостори ба Чеченистон бурдани
ман гаштанд. Аммо ман доим орзуи ба Тоҷикистон рафтанро дар дил
мепарваридам. Як сабаби ин ҳамон муносиботи дӯстонаи бачаҳои тоҷик буд,
ки эшон бо ман беғаразона муносибат мекар-данд. Ҳамчунин дигар сабабаш
ин муносибати бачаҳои тоҷик бо дини мубини ислом буд, ки ин гуна
муносиботро ман дар намояндагони дигар миллатҳо наме дидам. Баъдан
сабаби дигараш ин зуд ёд гирифтани забони тоҷикӣ буд. Ман хеле роҳат
забони тоҷикиро аз худ кардам ва бо тоҷикй намозҳоямро ният мекунам.
Бачаҳои тоҷик мегуфтанд, ки дар Тоҷикистон домуллоҳои мӯҳтарами
зиёдеанд, ки метавонӣ дар назди эшон хонда, қории Қуръон шавӣ. Орзуи
қорӣ шудан дар дили ман афзун мешуд.
- Оё дар Русия ин орзуҳоятро амалӣ кардан мумкин набуд?
- Не. Чунки
муҳит дар Русия дигар аст. Ман инро барвақт дар хурдсолӣ ҳис карда
будам. Барои ҳамин як рӯз маблағе дарёфт намуда, ҳамроҳи бачаҳои тоҷик
ба Тоҷикистон сафар кардам. Соли 2000-ум буд. Дар Қурғонтеппа зиндагӣ
мекардам. Аввалин коре, ки дар Тоҷикиетон анҷом додам, ин хатна буд.
Вақте ки ин корро анҷом додам, худро алакай мусулмони комил ҳис
намудам. Дар Қурғонтеппа 9 моҳ мондам. Як вакт модарам барои бурдани
ман омад. Ман барои малол нагаштани хотири модар, бо нияти боз
баргаштан ба Тоҷикистон ба Магнитогорск рафтам. Дар Магнитагорский ман
худро ноҷур ҳис мекардам. Дилам ба сӯи Тоҷикистон кашол буд. Ҳар рӯз
фикр мекардам, ки чи тавр ба Тоҷикистон равам. Ин буд, ки соли 2001 боз
ба Тоҷикистон омадам. Ин дафъа модарамро гуфтам, ки ман бояд қорӣ шавам
ва ба ман халал нарасон. Дар Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор дар назди қорӣ
Убайдулло ба омӯхтани Қуръон оғоз намудам. Қариб 2 сол дар хонаи ин
мард ба омӯзиши китоби илоҳӣ машғул будам. Баъд бо пешниҳоди дӯстон аз
баркунии Куръони мачидро дар нохияи Файзобод, дар дехаи Элок, дар
хонадони Махсуми Зубайдулло назди кори Носир идома додам. Хушбахтона
ман дар ин ҷо ба ҳифзи 27 пораи Қуръони маҷид ноил гаштам. Иншоолоҳ
боқимондаашро низ аз бар хоҳам намуд.
Соли 2003 ҳангоми дар хонаи қорӣ Убайдулло хонданам, як марди хеле ҳам
наҷиб бо номи Таур маро сидқан ба хонаи худ таклиф кард. Аввалан ӯ
барои ман дӯст, баъдан бародари ҷонӣ гардид. Ман ӯро чун бародари
ҳақиқӣ эҳтиром мекунам ва волидайни ӯро чун падарӯ модари худ дӯст
медорам. Бародарону хоҳарони ӯ барои ман алакай чун бародарони
ҳақиқианд. Ман узви ин хонадон гардидаам. Инак чанд сол аст, ки дар
наздикии шаҳри Душанбе дар ин хонадон умр ба сар мебарам ва аз
бародарони худ бениҳоят миннатдорам.
- Боз чи нақшаҳо доред?
- Ҳанӯз аз
рӯзе, ки ман мусулмон шудаам, то кунун як орзуеро дар дил мепарварам.
Ин ҳофизи мураттаби Қуръон шудан аст. Беандоза хоҳони онам, ки ин
китоби муқаддасро аз ёд кунам. Шукронаи Худованди мутаъол, ки то ба
имрӯз 27 пораи онро аз ёд кардаам. Иншоолоҳон се пораи дигарро низ аз
ёд мекунам. Баъдан хоҳони онам, ки дар Донишкадаи Исломии Тоҷикистон
дохил шаваму аз дигар илмҳои илоҳишиносӣ ва исломӣ огаҳ шавам. Дар
вакти бекорӣ ҳар ҳафта чанд бор дар толори варзишӣ ба машқи карате
машғулам. Баъди машқи варзишӣ боз ба омӯхтани забони англисӣ машғулам,
ки мехоҳам дар ин бахшҳо низ пешравӣ дошта бошам.
- Оё волидайн ба ту занг намезананд ва барои ба хона баргаштан даъват намекунанд?
- Албатта
занг мезананд ва даъват менамоянд. Модарам Лидия Иванова бештар занг
мезанад ва барои ба хона баргаштан маро даъват менамояд. Аммо ду чиз
сабабгори он мешавад, ки ман ба Магнитагорск барнагардам. Якум, сабаб
ин аст, ки волидайн мехоҳанд, ман ба хона баргашта, тарки ислому
шариати исломӣ намуда, чун дигар ҷавонони шаҳрамон ба ҳаёти одии
мардуми рус ворид шавам. Албатта ин номумкин аст. Зеро ман ҳеҷ гоҳ аз
ин роҳ гаштанӣ нестам. Дуввум сабабаш ин аст, ки ман мехоҳам падару
модарам исломро қабул кунанд ва мусулмон шаванд. Бадбахтона онхо ба ин
рози намешаванд. Шояд модарам ба хотири манн манн шуда кабул дорад,
вале гумон аст, Ки падарам ба ислом ру орад.
- Қори
Сироҷиддин имрӯз синну соли ту алакай ба 24 даромадааст. Оё издивоҷ
кардан намехоҳӣ? Ва аруси ояндаатро кӣ хоҳад буд, зебосанами рус ё
тоҷик?
- Мансубияти
арӯси ояндаи ман ба кадом миллат чандон аҳамият надорад. Муҳим он аст,
ки агар Худованди мутаъол насиб карда бошад, ҳамсари ояндаи ман зани
мусулмон аст ва иншоолоҳ маросими тӯйи арӯсии ман таҳти қонунҳои исломӣ
дар Тоҷикистон мегузарад.
- Барои
сӯҳбати самимона ба Шумо ташаккур мегӯем ва хоҳони онем, ки сарбаланду
пирӯз бошед ва ҳар чи зудтар ба орзуҳои худ ноил гардед.
- Ташакур. Худованд нигаҳбони Шумо.
Муаллиф: «Миллат» №20 21.05.09. Олимҷон САФОЛОВ |
МошоОллох Сергей Иванов
Худо боз хам имонатро зиёда гардонад чун,ки аз хама неъматои Худо Кимматтараш имон ат ин киммат надорад
---