АСКАРБАЧАИ РУС ДАР КӮЛОБ ИСЛОМ ОВАРД - 10 Мая 2009 - Дневник - Ислам в таджикистане - Ислом дар Тоҷикистон
Панчшанбе, 11.03.2010, 10:09
Приветствую Вас Гость | RSS
Главная | Дневник | Регистрация | Вход
НАВОРҲОИ ОВОЗӢ НАВОРҲОИ ВИДЕО БАРНОМАҲО
Пароль:
RSS ТАМОС БО МО

САФҲАҲО

Хабарҳо

НАВОРҲО

Дар пойгоҳ

Онлайн всего: 3
Меҳмонҳо: 3
Пользователей: 0

Главная » 2009 » Май » 10 » АСКАРБАЧАИ РУС ДАР КӮЛОБ ИСЛОМ ОВАРД
АСКАРБАЧАИ РУС ДАР КӮЛОБ ИСЛОМ ОВАРД
16:15

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Иброҳим, дар собиқ Иван Леонидович

АСКАРБАЧАИ РУС ДАР КӮЛОБ ИСЛОМ ОВАРД Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Иброҳим, дар собиқ Иван Леонидович

-Дар оғоз лутфан худро муаррифӣ намоед?

-Ман аз диёри Олтой аз шаҳри Барнаул мебошам ва дар кӯҳистони Олтой, дар ноҳияи Вышкопин мутаваллид шудаам. Солҳои 90 ба минтақаи Олтой мунтақил шудем. Ман 26 сола буда, соли 1983 ба дунё омадаам. Соли 2001 ба хидмати аскарӣ рафтам. Номам Иван Леонидович, вале аз рӯзи қабул намудани Ислом номи ман Иброҳим аст. Аз соли 2001 ба хидмати аскарӣ рафтам ва то ҳол дар хидмати аскарӣ мебошам. Ним сол мешавад, ки дини исломро пазируфтаам.

-Исломро дар куҷо пазируфтед?

-Дар ҳамин ҷо, дар Кӯлоб.

- Шумо чӣ гуна дар бораи Ислом маълумот ҳосил намудед ва чаро тасмим гирифтед, ки мусулмон шавед?

- Ман худ намедонам чӣ гуна мусалмон шудам. Омилҳои зиёду гуногуне дар кор буд. Медонед, ман бисёр машруб менӯшидам ва боре баъди зиёд нӯшидан як ҷавони кӯлобӣ наздам омаду гуфт, чаро ту ин қадар машруб менӯшӣ? Дар рӯзи қиёмат барои ин корат пурсида хоҳӣ шуд. Он рӯз дар баробари Худо чӣ ҷавоб хоҳӣ дод? Гапҳои он ҷавон хеле ба ман таъсир кард ва баъдан ба фикр афтодам ва баъди ин ба хондани китобҳо шурӯъ намудам. Дигар омилҳо ҳам сабаб шуданд ва дар натиҷаи бисёр андешидан билохира, ин динро пазируфтам.

- То инҷо, яъне то мусулмон шуданатон дар бораи Ислом чӣ медонистед? Ва умуман тасаввури Ислом дар зеҳни шумо чӣ гуна буд?

- Ман дар бораи Ислом чизеро намедонистам.

-Тамоман?

-Бале, тамоман чизеро намедонистам. Натанҳо дар бораи Ислом, балки дар бораи Масеҳият ҳам чизеро намедонистам.

- Гуфтаниед, ки қаблан шумо одами бедине будед?

-Бале, ман одами бедин будам. Атеист будам.

-Чаро шумо атеист будед?

-Чунки фазо ин гуна буд. Ман дар фазои атеистӣ зода шуда, зиндагӣ кардаам.

-Ҳоло баъди пазируфтани Ислом худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

-Ҳоло хеле хуб. Субҳоналлоҳ.

- Дар Ислом бештар чӣ чиз диққати шуморо ҷалб намуд?

-Ҳама чиз.

-Ҳама чиз?

-Бале, ҳама чиз. Медонед, инсон ҳамеша ҳадаф мегузорад ва онро ҷустуҷӯ менамояд ва ҳамеша дар талоши ёфтани гумшудае ҳаст. Барои ҳамин як кас масалан, ба арақшнӯшӣ дода мешавад то мақсади зиндагиро дар он биёбад ё дар чизи дигару роҳи дигар. Вале Аллоҳ барои инсон мақсад муайян намудааст. Мо дар гуфтори Худованд меёбем, ки мақсади зистан дар чист ва бояд тибқи он ва бар муқтазои он амал намоем ва ҳамин. Вале одамоне, ки аз ин ҳақиқат огоҳ нестанд, ҳамеша дар ёфтани мақсади зиндагӣ иштибоҳ мекунанд ва роҳҳои ғалатеро пеш мегиранд.

- Аҳли хонаводаи шумо ба ин иқдоми шумо чӣ гуна муносибат мекунад?

- Хуб.

- Ҳамаи аҳли оилаатон медонад, ки ту мусулмон шудаӣ?

-Бале ва падари ман бисёр зиёд хурсанд шуд. Ва ҳамчунон хоҳарам ҳам бисёр хуб қабул кард. Ман пайваста занг мезанам ва дар бораи Ислом ба хоҳарам нақл мекунам. Ӯ низ хоҳиш дорад Исломро бипазирад, вале ҳанӯз ба ин кор муваффақ нашудаам, зеро ӯ дур аст ва ҳама чизро бо телефон гуфта намешавад.

-Аз ин сӯҳбатҳои шумо бармеояд, ки тасмим гирифтаед аҳли оилаатонро ҳам мусулмон кунед?

-Бале, хеле мехоҳам онҳо ҳам мусулмон шаванд. Вале Аллоҳу аълам (худованд донотарин аст).

- Шумо дар артиш ба симмати кӣ хидмат мекунед?

- Ман дар ошхона ҳастам ва онҷо нонпазӣ мекунам.

- Аз ин бармеояд, ки шумо вақти холӣ зиёд доред?

- Бале, ман вақт ҷудо мекунам. Барои намоз вақт ҷудо мекунам.

- Мушкилот нест дар ҳангоми адои хизмату кор ба намозу ибодат машғул шудан?

- Не, мушкиле нест.

- Роҳбариятатон ба мусулмон шудану намоз гузориданат чӣ гуна муносибат мекунанд?

- Маъмулӣ. Бале, ин ҷо ман дар артиши Русия хидмат мекунам ва ин ҷо қонунҳои русӣ ҳастанд. Мутобиқи қонун ҳар кас дар қабули дину эътиқод озод аст. Мусулмон мусулмон ҳаст ва Масеҳӣ масеҳӣ ҳаст ва ин масъалаҳо озоданд.

-Дар ҳоли ҳозир кадом китобҳои динии исломиро мехонед?

-Феълан ман бештар ҳадисҳои Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салламро мехонам. Мунтахаби аҳодиси набавӣ. Хеле мехоҳам ва шавқ дорам хондани Қуръонро ёд бигирам. Бисёр суолоте, ки дар зеҳнам пайдо мешванд ва ҷавоби онро намедонам аз хондани аҳодиси мунтахаб ҷавоб ба он аҳодисро пайдо мекунам. (Ин ҷо китоби ҳадисеро ба ман нишон дод, ки ба қалами Муҳаммад Юсуфи Кондеҳлавӣ муҳаддиси маъруфи ҳиндустонӣ таъаллуқ дорад). Ин китобҳо ба забони русиянд, вале иншоалоҳ арабиро меомӯзаму баъд ба он, яъне ба арабӣ китобҳоро мутолиъа мекунам.

-Яъне шурӯъ кардед?

-Кам-кам.

- Дар ҳоли ҳозир чи қадар арабӣ медонед? Метонед ба арабӣ хондан? Чанд сура аз худ кардаед?

-3-4 то. Ал-Фотиҳа, Ан-нос,Ихлос ва Кавсар. Хуб иншоаллоҳ оҳиста-оҳиста ҳамааш мешавад. Ман ҳануз навмусулмонам.

- Дар қисми низомӣ ҳастанд дигар мусулмонҳо?

- Бале, як каси дигар ҳам буд. Бо номи Стас. Ӯ худ провослав буд. Бародараш даъватгар буд. Ӯ дар оилаи диндор ба дунё омада, ҳатто дар бораи Инҷил ҳам бисёр медонад. Ва вақте ӯ фаҳмид, ки ман мусулмон шудам, ба назди ман бисёр меомад ва саволу ҷавоб мекард. Масалан, чаро дар шумо чунин асту дар мо чунон? Ман мутобиқи таълимоти Қуръон ва ҳадис ба саволҳояш посух медодам. Ин саволу ҷавобҳои мо як моҳ бештар идома ёфтанд ва баъд ӯ омаду як рӯзе назди ман нишаста гуфт, мехоҳад ислом биёрад. Ман ба ӯ фаҳмондам, ки фақат бигӯ "Ло илоҳа илаллоҳ" ва тамом. Ӯ инро ба арабӣ гуфт ва баъдтар ба русӣ: «Нет Бога кроме Бога». Баъд табрикаш кардаму гуфтам, акнун ту алҳамдулиллоҳ мусулмон шудӣ. Ва оҳиста оҳиста ӯ низ мусулмони хубе шуд. Ӯ тақрибан як-яку ним моҳ бо ман истиқомат кард ва бо ман намоз мехонд. Бо ҳам китобҳоро мутолиъа мекардем. Баъд хидмати ӯ тамом шуду ба Русия баргашт. Ман каме пештар ба ӯ занг задам. Ӯ ҳануз ҳам побанди намоз аст.

-Хидмати шумо кай тамом мешавад?

-Ба наздикӣ

-Нақшаҳои ояндаи шумо?

-Мехоҳам қарордоди хидмати худро тамдид намоям ва бештар дар Тоҷикистон бимонам.

-Чаро?

-Чун мехоҳам бештар дар байни мусулмонҳо ё бо мусулмонҳо бошам.

-Дар Русия ҳам мусулмонҳо зиёданд ва ҳамчунон марказҳои исломӣ ҳам кам нестанд.

-Бале, вале дар Тоҷикистон муҳит бештар исломӣ ҳаст. Тоҷикистон як кишвари мусулмоннишин ҳаст. Ва дигар нақшаам ин аст, ки пул ҷамъ намуда Ҳаҷ намоям.

-Ба фикри шумо Ислом чӣ нақше дар Русия метавонад дошта бошад?

-Барои Русия ин хеле хуб аст. Ман мехоҳам, ки Русия Исломро бипазирад.

-Чӣ хотираҳои ҷолиб баъди Ислом оварданатон доред?

- Бале, як манзара ҳеч аз ёдам намеравад. Як рӯз баъди адои намози ҷумъа ба ошхонае даромадам. Сари мизе хӯрок мехӯрдам ва он тарафтар аз ман як марди мусулмони тоҷик рост истода, арақ мехӯрд. Ва нохост чашмаш ба ман афтиду ба ман тамасхуромез баъзе ҷумлаҳоро гуфт. Дар ҷавоб ман ба ӯ гуфтам, аз худову рӯзи қиёмат наметарсӣ? Ту барои арақхӯрият фардо рӯзи қиёмат ҷавоб хоҳӣ гуфт. Ин гапҳои ман ба ҳадде ӯро таъсир намуд, ки қадаҳи нимнӯшидаи пур аз шаробро ба замин партофту гуфт, дигар ҳаргиз арақ наменӯшад.

Дигар ҳодисаи муҳим ва хотирмон ин қабл аз мусулмон шуданам ба ман рух дод ва дар ислом овардани ман хеле таъсир гузошт. Медонед, як рӯз каме шароб нӯшида ба кӯча баромадам ва ба таксие, ки сари роҳ меистод нишаста ба ронанда гуфтам, ҳай бикун. Аммо ронанда ба ҷойи он ки ҳаракат кунад, бо хашм ба ман нигоҳ намуда гуфт, аз мошини ман берун бирав. Ӯ як ҷавони ришдори нуроние буд. Ман ҳайрон шудам, ки чаро ӯ чунин мегӯяд. Гуфтам, ки охир ман ба ту пул медиҳам. Бо вуҷуди ин ӯ гуфт, аз мошин баро. Хушбахтона, ӯ русиро медонист ва ба ман фаҳмонд, ки ӯ шахси арақхӯрро дар мошинаш савор намекунад, зеро ин кор баракати корро мекоҳад. Ӯ инчунин ба ман фаҳмонд, ки арақ нӯшидан гуноҳ аст ва фардо рӯзи қиёмат ҳам ҷавобгарияш осон нест. Ман аз мошинаш фаромадам, вале ҳарфҳову гапҳои ӯ ҳамоно дар зеҳнам мечархид ва маро ба андеша вомедошт. Хотираи аз ҳама муҳим ин вақте ҳаст, ки баъди мусулмон шудан ба хона ба рухсатии якмоҳа баргаштам. Вақте вориди хона шудам, падарам маро ба оғӯш кашиду гиря карда ба ман гуфт, ки ӯ бо ман мефахрад, зеро танҳо писараш, ки аз шароб хӯрдан бозистодаву ирода кардааст дигар ба он барнагардад, ин ман мебошам. Медонед, дар оила ва муҳити мо арақнӯшӣ бисёр реша давондааст. Ман ду бародари дигар дорам, ки яке аз онҳо аз дасти бисёр нӯшидан майзада шуду аз дасти шароб аз дунё рафт. Бародари дигарам ҳам дар роҳи ӯ пеш меравад ва ҳамроҳ бо ҳамсараш менӯшанд. Аз ин рӯ мусулмон шудан ва аз шаробу нӯшидан боз истодани ман хуштарин хабар барои падарам мебошад.

-Ҳоҷӣ Мирзоро мешиносед?

-Бале, мешиносам.

-Аз наздик?

- Бале, вақте ҳадисеро, масъалаи диниеро мехонам, ба ӯ муроҷиат мекунам ва ӯ дар шарҳу фаҳми он ба ман кӯмак менамояд. Агар дуруст фаҳмида бошам, мегӯяд, дуруст ва агар иштибоҳ намуда бошам, мегӯяд, ки ман иштибоҳ намудаам ва дурусташ ин гуна ҳаст.

-Иброҳим ба хонандаҳои рӯзномаи «Миллат», ки баъзеи онҳо дар кишвари шумо, яъне дар Русия ба сар мебаранд ва гуфтаҳои шуморо ҳам мехонанд, чӣ гуфтанӣ доред?

- Намедонам. Асосан ман як касро вақте бидонаму бубинам, медонам ба ӯ чӣ бигӯям. Вале ба ҳар ҳол гуфтаниям, ки бояд Худоро фаромӯш накунанд. Агар муҳоҷирони тоҷик, ки ба Русия мераванд, дар ҳақиқат намояндаҳои хубу асосии дини Ислом ҳамон гуна, ки ҳаст, бошанд, шояд Русия ба ин қарор меояд, ки Исломро бипазирад. Ислом ҳамон гуна, ки ҳаст; орӣ аз фиребу дурӯғ, орӣ аз нӯшидани арақу истеъмоли маводи мухаддир ва ғайра.


С. ЮСУФӢ

Просмотров: 177 | Добавил: tojikislom | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 5


(04.07.2009 15:20)

0  
Сообщений № 5 Написал: чиход (04.07.2009)

Шукур гуям Худовандеро,ки хидоятгари бандагонаш хаст хуш бахоли ту бародарам Иброхим!!!! Потамушто ты нашёл истини пут! Аллоху Акбар!


 -------------- Комментарий --------------


(06.06.2009 17:11)

0  
Сообщений № 4 Написал: Маъруф аз С.Петербург (06.06.2009)

Субхоналлох барои инчавон аз худо талаби магфират хохонам ва худованд барои хар яки мо мухабати дину куронро чой бигардонд ва мехохам бо хамин бародар сухбат кунам


 -------------- Комментарий --------------


(24.05.2009 08:46)

0  
Сообщений № 3 Написал: амин (24.05.2009)

субхоналлох. шояд ин ба он точиконе ки ба аракнуши ва дигар корхои харом машгуланд дарси ибрат шавад


 -------------- Комментарий --------------


(13.05.2009 11:49)

0  
Сообщений № 2 Написал: LOLA (13.05.2009)

MASHAALLOH


 -------------- Комментарий --------------


(11.05.2009 09:59)

0  
Сообщений № 1 Написал: hasan (11.05.2009)

хеле ман минадорам ки як чавони рус мусулмон шудаст
худо кунад хамаи мардум мусулмон шавад.Баъзе мусулмонони
мо худро бахар махзаб каъти мекунад,мусулмон бояд баяк акида бошад,ман банда Хасанчон аз Ш Кулоб


 -------------- Комментарий --------------
Добавление комментария




 

Навигари дар пойгоҳ

КАЛЕНДАРЬ

«  Май 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
 

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?

Всего ответов: 76